Муҳаммад Мурсӣ ба 20 соли зиндон маҳкум шуд

Нахустин раисҷумҳури интихобии Миср бо иттиҳоми куштори эътирозгарон дар моҳи декабри соли 2012, 21 априли соли ҷорӣ ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури барканоршудаи  Миср ба 20 соли зиндон аз сӯи додгоҳи ҷурму ҷиноёти ин кишвар маҳкум шуд, хабар медиҳад Sputnik CAIRO.

Муҳаммад Мурсӣ бо иттиҳоми куштори эътирозгарон дар соли 2012 маҳкум шудааст. Дар баробари Мурсӣ ҳамчунин 12 нафар аз раҳбарони "Ихвонулмуслимин" зиндонӣ шудаанд.

Ин додгоҳ ҳукми худро 21 апрел дар Қоҳира барои Мурсӣ — нахустин раисиҷумҳури интихобшудаи Миср ва афроди дигар, ки дар толори мурофиа дар қафаси шишаӣ меистоданд, содир намуд.

Парвандаи онҳо ба эътирозҳои моҳи декабри соли 2012 иртибот дорад, ки ҷонибдорони Мурсӣ дар назди Кохи раёсати ҷумҳурӣ ба эътирозгарон ҳамла бурданд ва ба камияш 10 нафар дар ин ҳамлаҳо кушта шуданд.

То ҳол Мурсӣ дар зиндони амнияташ шадид дар шаҳри бандарии Искандария нигаҳдорӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала