Ширкати ZiJin дар Суғд корхонаи фузулотро бо ҳазинаи $100 млн месозад

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ширкати муштараки “Зарафшон” дар вилояти Суғд қасд дорад истихроҷи маъодини гаорнбаҳоро афзоиш бидиҳад ва барои ин амр сохтмони корхонаи фузулот зарур мебошад ва ширкати чинӣ омадааст ин амрро иҷро кунад.

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Ширкати чинии ZiJin Mining Group Co.Ltd қасд дорад сохтмони корхонаи фузулот бар пояи ширкати муштараки тоҷикистониву чинии "Зарафшон"-ро оғоз кунад, хабар медиҳад маркази матбӯъотии вазорати саноъат ва технологияҳои нави ҶТ.

Омодагии ширкати чинии Zijin Mining Group Co.Ltd барои сохтмони корхона имрӯз дар ҷараёни дидори вазири саноъат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода бо ноиби раиси ширкати Zijin Чен Жен Хе матраҳ шудааст.

Тавлиди тилло (тиллошӯӣ). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар ивази Маркази гармидиҳӣ ба Чин 2 кони тилло додааст

"Ширкати чинӣ омода аст барои сохтмони корхонаи фузулот $100 миллион сармоягузорӣ кунад. Дар ширкати муштараки "Зарафшон" дар сададанд ҳамасола истихроҷи тилло ва нуқраро афзоиш бидиҳанд ва ба ин далел ниёз ба корхонаи бузурги фузулот пайдо мешавад", — зикр карданд дар ин ниҳод.

Ҳамчунин ҷонибҳо мавзӯъи таъмини ин корхона бо нерӯи барқ, ҷалби сармоя ва тақсими суди фаъолияти корхонаи муштаракро баррасӣ карданд.

Тилло. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Соли гузашта дар Тоҷикистон 3,4 тонна тилло истихроҷ шудааст

Ширкати фузулотии чинии Zijin Mining Group Co.Ltd 75% саҳмияҳои корхонаи муштараки "Зарафшон"-ро соҳиб аст ва миқдори боқимондаи (25%) саҳмияҳо моли давлати Тоҷикистон мебошад.

Дар ширкати муштараки "Зарафшон" феълан корхонаи коркарди тилло бо зарфияти тавлиди 5 ҳазор килограмм тилло дар як сол фаъол аст, ки бастаҳои тиллоии дараҷаи 999,9 ва бо вазни то 12,5 килограмм тавлид мекунад.

Лентаи хабарҳо
0