Вазорати корҳои дохилӣ студуяи телевизионӣ таъсис дод

© SputnikБинои ВКД ТҶ. Акс аз бойгонӣ
Бинои ВКД ТҶ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати корҳои дохилӣ то кунун тариқи шабакаҳои давлатӣ барномаҳои худро пахш мекард. Аммо гуфта нашудааст, ки ин барномаҳо дар кадом студия ба навор гирифта мешуданд.

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои таҳияи барномаҳои криминалӣ студияи телевизионӣ таъсис дод, менависад сомонаи ин ниҳод.

21-уми апрел студияи телевизионии вазорат бо иштироки Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва Лутфулло Давлатзода, директори "Телевизиони Сафина" расман ифтитоҳ шуд.

Рамазон Раҳимзода гуфтааст, студияи мазкур барои таҳия ва сабти барномаҳо дар сатҳи зарурӣ ва бо сифати баланд барои пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, расонидани маълумоти дақиқ оид ба ҳодисаю воқеаҳо ва кирдорҳои ҷинояткорона ба сокинони мамлакат мусоидат менамояд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон се барномаи криминалӣ дорад, ки ба воситаи телевизионҳои давлатӣ пахш мешавад. Барномаи криминалити "Сипар" дар Шабакаи якум, "Набз" ба воситаи "Телевизиони Сафина" ва "Дидбон" бо ТВ "Ҷаҳоннамо" ҳар ҳафта як маротиба намоиш дода мешавад.

"Барномаву намоишҳои пешниҳоднамудаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ миёни тамошобинон маҳбубияти хоса пайдо намуда, ҳар ҳафта, ҳазорон нафар сокинони кишвар ин барномаҳоро бесаброна интизорӣ мекашанд", — омадааст дар сомона.

Лентаи хабарҳо
0