Ҳавопаймоҳо дар шакли рақами 70 барои паради Пирӯзӣ саф кашиданд

Обуна шудан
Анқариб 200 адад техникаи ҳарбии Русия, аз он ҷумла ҳавопаймоҳо, дар зимни машқҳои омодагӣ барои паради бахшида ба рӯзи Пирӯзӣ дар машқгоҳи Алабино ба кор гирифта шуданд.

Дар зимни машқҳо БТР, тонкҳои Тигр-М, Т-34, ва ҳамчунин ЗРК С-400 ва муҷтамаҳои мушакандози "Искандер" ширкат варзиданд.

Парадҳои ҳарбӣ дар 28 шаҳри Русия, дар 9 шаҳри қаҳрамон ва 17 шаҳри дигар, ки штабҳои ҳарбии минтақаҳо, флотҳо, қисмҳои низомии умумӣ, флоти Каспий ва 68-умин корпуси ҳарии Сахалини Ҷанубӣ мустақар шудаанд, баргузор мешаванд, гузашти паради ифтихорӣ бошад бо ҳузури техникаи ҳарбӣ дар 40 шаҳри Русия барпо мешавад. Инчунин маросимҳои ҷашнӣ дар Минск (Белорус), Бишкек (Қирғизистон) ва Қумрӣ (Арманистон) баргузор мешаванд.

Дар назар аст, ки бештар аз 1,8 ҳазор техникаи ҳарбиву низомӣ, аз он ҷумла 230 дастгоҳҳои парон ва 51 адад киштиҳои ҳарбӣ ба намоиш гузошта шавад.

 

Лентаи хабарҳо
0