Ба 70-солагии ҷашни Пирӯзӣ озмуни “Падарони шӯҳратманд” эълом шуд

© Sputnik / Амир ИсаевСобиқадорони тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Собиқадорони тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барандагони озмун бо ҷоизаҳои аз 1 то 2 ҳазор сомонӣ ва ҳамчунин бо ифтихорномаҳои вазорати фарҳанг сарфароз мешаванд.

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Ба манзури 70-мин солгарди ҷашни Пирӯзӣ дар ҶБВ вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар миёни рӯзномаҳову маҷаллаҳои кишвар озмуни "Падарони шӯҳратманд" эълом кард, хабар медиҳад маркази матбӯъотии ин ниҳод.

Ин озмун ба хотири ошноии насли наврас бо қаҳрамониҳои собиқадарони ҷанг дар набардҳо, бо таърихи пирӯзӣ ва саҳми фарзандони Тоҷикистон дар он баргузор мешавад.

Иттилоъи бештарро дар бораи саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ ин ҷо бихонед.

Бад ин хотир ба озмун матолиби дар рӯзномаҳову маҷаллаҳо нашршуда дар мавзӯъи Пирӯзи дар ҶБВ, таҷлил аз рӯзи Пирӯзӣ ва матолиби дигар дар шаклҳои мухталиф пазируфта мешаванд. Матолиб бояд ҷолиб, хонданбоб ва бо лаҳазоти зиндагии собиқадарони ҷанг бошанд.

Барандагони озмун бо ҷоизаҳои аз 1 то 2 ҳазор сомонӣ ва ҳамчунин бо ифтихорномаҳои вазорати фарҳанг сарфароз мешаванд.

Алоқамандони ширкат дар озмун бояд матолиби худро ба вазорати фарҳанг то якуми моҳи май ирсол кунанд.

Лентаи хабарҳо
0