Ҳавопаймои тоҷик дар Қазоқистон фуруди изтирорӣ кард

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкФуруди ҳавопаймо. Акс аз бойгонӣ
Фуруди ҳавопаймо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Халабонҳои ҳавопаймои Boeing-737, ки дар масири Қӯрғон-теппа-Москав парвоз мекард, ба танзимгарони фурӯдгоҳи Коркит Атаи шаҳри Қизилорда, ки бояд дар он ҷо маводди сӯхтӣ мегирифтанд, аз вуқӯъи мушкили фаннии яке аз муҳаррикҳои ҳавопаймо хабар доданд.

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Бо муҳаррики дорои мушкили фаннӣ ҳавопаймои мусофирбари Boeing-737, ки аз Қӯрғон-теппа ба Москав парвоз мекард, дар фурӯдгоҳи шаҳри Қизилорда фуруди изтирорӣ кард, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Фуруди ин ҳавопаймо дар Қизилорда барои гирифтани маводди сӯхтӣ дар назар буд, вале ба фурудгоҳ дар бораи баланд шудани фишори маводди сӯхтӣ дар яке аз муҳаррикҳои ҳавопаймо хабар расид. Халабонҳо дархости фуруди изтирорӣ карданд. Куллияи ниҳодҳои фурудгоҳ, ки фуруди изтирорӣ мекард, барои қабули он омода шуданд.

Ҳавопаймо дар фурӯдгоҳи Коркит Ата фуруд омад ва мусофирон осебе надиданд.

Лентаи хабарҳо
0