Сипоси Назарбоев ба сокинон барои эътимод ва ширкат дар интихобот

© Sputnik / Анатолий Устиненко / Гузариш ба медиабонкРаиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар яке аз марокизи раъйдиҳӣ. Акс аз бойгонӣ
Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар яке аз марокизи раъйдиҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи натоиҷи муқаддамотии ғайрирасмӣ, ки аз сӯйи маркази пажӯҳишҳои иҷтимоӣ ва сиёсии “Стратегия” (МПИС) анҷом шудааст, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ 97,36% интихобкунандагон аз номзадии Назарбоев пуштибонӣ кардаанд.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Раиси ҷумҳурии феълии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сокинони кишварро барои эътимоди онҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, сипосгузорӣ кардааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маркази матбӯъотии раҳбари кишвар.

Тибқи натоиҷи ду назарпурсӣ Нурсултон Назарбоев дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Қазоқистон пирӯзии амиқ ба даст овардааст.
Натоиҷи назарпурсие, ки аз сӯйи маркази пажӯҳишҳои иҷтимоии ва сиёсӣӣ "Стратегия" (МПИС) анҷом шудааст, Назарбоев дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ 97,36% раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст.

Аммо назарпурсии анҷомдодаи Анҷумани пажӯҳишии "Донишкадаи демократия" ҳокӣ аз он аст, ки раиси ҷумҳури феълӣ 97,5% раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст. Тибқи натоиҷи муқаддамотии КМИ, 95,11% интихобкунандагон пояи сандуқҳои раъйдиҳӣ омадаанд.

"Ман ба ҳар як шаҳрванд, ҳар як оила барои эътимод ва пуштибонӣ дар тӯли ҳамаи солҳои истиқлолият ва аз ҷумла дар ин интихобот сипосгузорам. Баргузории ин интихоботи қабл аз мӯҳлат ба ибтикори Анҷумани халқҳои Қазоқистон сурат гирифт. Ин ташаббус аз сӯйи сокинони кишвар пуштибонӣ шуд", — гуфт раиси ҷумҳури Қазоқистон ба ҳамтоёни худ баъд аз эъломи натоиҷи назарпурсиҳо.

Вай ба аъзои ҳизби "Нур Отан", ки дар маҳалҳо таблиғоти интихоботӣ анҷом доданд, изҳори сипос кард.

"Ман ҳамчунин ба Ситоди ҷумҳуриявии ҷамъиятӣ сипосгузорам. Намояндагони он ба куллияи манотиқи кишвар сафар карда бо аҳолӣ мулоқот карданд ва сиёсати дар ҷумҳурӣ анҷом медодаро тавзеъ доданд. Ба ҳамаи шахсони эътимоднок ва фаъолон изҳори сипос мекунам", — иқтибос овардаст аз суханони раҳбари кишвар маркази матбӯъотии вай.

Нурсултон Абишевич Назарбоев 6 июни соли 1940 дар рустои Чемолгани ноҳияи Каскелени вилояти Алма-Ото таваллуд шудааст. Вай аз моҳи апрели соли 1990 раиси ҷумҳури Қазоқистон мебошад. Дар нахустин интихоботи умумихалқии раёсати ҷумҳурии Қазоқистон, ки 1 декабри соли 1991 баргузор шуд, Назарбоев аз пуштибонии 98,7% интихобкунандагон бархурдор шуд. 29 апрели соли 1995 дар пайи ҳамапурсии умумихалқи салоҳияти раиси ҷумҳур то соли 2000 тамдид карда шуд. 4 декабри соли 2005 Нурсултон Назарбоев муҷаддадан раиси ҷумҳури Қазоқистон интихоб шуд. Он замон 91,15% интихобкунандагон ба пуштибонӣ аз номзадии вай раъй доданд. Дар интихоботи оянда, ки 3 апрели соли 2011 баргузор шуд, Назарбоев 95,5% раъйи интихобкунандагонро соҳиб ва бори дигар раҳбарии Ҷумҳурии Қазоқистон шуд.

Лентаи хабарҳо
0