Изҳори тасаллияти Раҳмон дар робита ба фавти Изатулло Ҳаёев

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкЭмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси ҷумҳурӣ Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саҳми Изатулло Ҳаёев дар тарбияти кадрҳои болаёқат ва рушди кишвар баланд арзёбӣ кард.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандони раиси собиқи Шӯрои вазирони Тоҷикистон Изатулло Ҳаёев, ки 25 апрел дар синни 79 солагӣ фавтид, изҳори тасаллият кард, хабар медиҳад сомонаи интернетии раҳбари кишвар.

Маросими ҷанозаи Ҳаёев рӯзи якшанбе дар маҷиди марказӣ баргузор шуда сипас ҷасади вай дар қабристони Лучоб дафн шуд.

"Фавти шахсияти саршинос, сиёсатмадор ва ходими давлатии арҷманд ва шахсияти ҷамъиятӣ маро сахт андӯҳгин кард. Иззатулло Ҳаёеви марҳум дар тӯли ҳаёти намунавии худ дар тарбияти кадрҳои арзишнок ва рушди кишвар саҳми арзанда ва бузург гузошт", — зикр кард раиси ҷумҳури кишвар.

Дар маросими ҷанозаи Ҳаёев ба иттилоъи Радиои Озодӣ, руасони ду маҷлиси порлуомни Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров, Нахуствазир Қоҳир Расулзода, раиси Шӯрои уламои кишвар Сайидмукаррам Абдулқодирзода ва раиси собиқи дастгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Султон Мирзошоев ширкат карданд.

Иззатулло Ҳаёев (1936-2015) фаъолияти кории худро дар 20 солагӣ ба унвони корманди қаторӣ дар комитети иҷроияи вилояти Ғарм оғоз кард. Сипас, дар тӯли 30 сол вай ба тадриҷ ба зинаҳои болоӣ баромад: дабири аввали бахши Ҳизби коммунист дар Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз буд, раиси комитети иҷроияи ВМБК, вазири саноъати гӯшт ва шири Тоҷикистон (солҳои 1978-1983), дабири аввали бахши ҳизби коммунист дар Кӯлоб (солҳои 1983-1986), раиси Шӯрои вазирони ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон (солҳои 1986-1990), муъовини раиси ҷумҳури ҷумҳурӣ (солҳои 1990-1991), нахуствазири кишвар (солҳои 1991-1992), вакили Шӯрои олии Тоҷикистон даъватҳои 11 ва 12 интихоб шудааст.

Ҳаёев ду маротиба бо ордени Парчами Сурхи меҳнатӣ сарфароз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0