Шӯрои уламо ба мунтақидони озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон посух дод

© Flickr / Michael CoghlanДевушка с мобильным телефоном
Девушка с мобильным телефоном - Sputnik Тоҷикистон
Раҳбарияти Маркази исломӣ баъд аз пахши як барномаи интиқодӣ тавассути як шабакаи хориҷии телевизионӣ, ки дар он аз адами озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон сухан мерафт, посухи худро мунташир кард.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Кишвареро пайдо кардан душвор аст, ки дар он ислом бо чунин суръат рушд мекарда бошад, изҳор дошт Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар посух ба интиқодоти шабакаи телевизионии "Висоли ҳақ", омадааст дар хабари сомонаи ин марказ.

Дар барномаи шабакаи моҳворагии мазҳабии "Висоли ҳақ" 22 апрел муҷрӣ аз озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон интиқод карда гуфт, ки занони ҳиҷобпӯшро фишор оварда сохтмони масҷидҳои ҷадид мамнуъ шудааст.

"Шӯрои уламо бо итминон метавонад изҳор кунад, ки дар миёни кишварҳои мусалмоннишин кишвареро пайдо кардан душвор аст, ки дар он ислом ба чунин суръат рушд кунад ва мусалмонон тоъату ибодати худро дар шароити ором ва сулҳ анҷом медода бошанд", — посух дод Шӯрои уламо ба ин интиқод.

Убайдуллоев алайҳи “ифротгароӣ”-и занон қарор содир кард

Мутаъассифона, душманони миллати тоҷик ин иттилоъи бардурӯғро то чунин шабакаҳои телевизионӣ расониданд, зикр мекунанд Шӯрои уламо. Чунин афрод ба эътиқод ва мазҳаби мардуми Тоҷикистон ва сиёсати мазҳабии кишвар тӯҳмат мекунанд.

Шӯрои уламо муҷрии ин шабакаи телевизиониро ба Тоҷикистон даъват кард, то вай тавонад шахсан дар озодиҳои мазҳабӣ эътимод пайдо кунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала