ВКХ ҶТ: мавзӯъи ихроҷи атбои тоҷик аз Непал ҳалл мешавад

© Sputnik Игорь ЛекаркинБинои ВКХ ҶТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бинои ВКХ ҶТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Непал тамоси пайваста дорад ва барои ихроҷи онҳо аз маҳалли офати табиъйӣ тадобире рӯйи даст хоҳад гирифт.

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Тоҷикстон мавзӯъи ихроҷи шаҳрвандони кишвар аз Непалро, ки дар он ҷо рӯзи шанбе зилзилаи шадид рух дод, баррасӣ мекунад, хабар медиҳад ВКХ ҶТ.

Пешбинӣ мешавад, ки ихроҷи атбои тоҷик аз маҳалли офат бо кӯмаки вазорати умури изтирории Федератсияи Русия сурат бигирад.

"Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нигаронӣ аз вазъи башарӣ дар Непал баъд аз вуқӯъи зилзиларо назорат мекунад ва аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави ин кишвар қарор доранд, даъват мекунад, ки ҳадди ақал эҳтиёкор бошанд", — омадааст дар хабари вазоратхона.

Зилзилаи тахрибкор дар Непал - Sputnik Тоҷикистон
Зилзилаи фоҷиъабор дар Непал

Феълан зикр мекунад ниҳоди умури хориҷии кишвар, сафорати Тоҷикистон дар Ҳинд ва Русия машғули мавзӯъи таъмини амнияти атбоъи тоҷик дар Непал ҳастанд ва пайваста бо онҳо дар иртибот мебошанд.

Зилзилаи бо шиддати 7,9 дараҷа дар қаламрави Непал рӯзи шанбеи 25 апрел рух дод. Ба навиштаи расонаҳо, маркази зилзила дар 82 километрии пойтахти кишвар шаҳри Катманду воқеъ буд. Теъдоди қурбониёни зилзилаи шадид ба навиштаи РИА Новости бо истинод ба Франс Пресс, 4310 нафар асту теъдоди захмиҳо ба 7953 нафар расидааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала