“Русия имрӯз” лавҳаи ҷадиди чандрасонаӣ дар бораи ҶБВ-ро пахш кард

© Sputnik / Олег Кнорринг / Гузаштан ба хазинаи аксСарбозони шӯравӣ ба паноҳгоҳи олмонӣ ҳамла мекунанд. ҶБВ.
Сарбозони шӯравӣ ба паноҳгоҳи олмонӣ ҳамла мекунанд. ҶБВ. - Sputnik Тоҷикистон
ХБИ “Русия имрӯз” ғанӣ гардонии хазинаи тарҳи чандрасонаии “15 зарбаи Артиши Сурх”-ро, ки онҳо аз набардҳои муҳимтарин ва бузургтарин Ҷанги Бузурги ватанӣ ҳикоят мекунанд, идома медиҳад.

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Бахшида ба 70 солагии Пирӯзӣ ХБИ "Русия имрӯз" ороиши шаҳрҳои Русияро бо лавҳаҳоти чандрасонаии таърихии "15 зарбаи Артиши Сурх" идома медиҳад, хабар медиҳад маркази матбуъотии хабаргузорӣ.

Дар остонаи 9 май хабаргузорӣ иқдомоти ҷадиди чандрасонаӣ дар бораи озодкунии Украинаи соҳили ростро — лонгрид ва наворҳои видеоӣ пахш кард. Лавҳаҳои ҷадиди видеоиро дар таъсисоти бузурги таблиғотии Москав — бинои телеграфи марказӣ, пажӯҳишгоҳи "Гидропроект", синамохонаи "Октябр", дар биноҳои баланди ҷоддаи Можайск ва дар даромадгоҳи Химки ва ҳамчунин дар дохили нақлиёти мусофирбари шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Екатеринбург дидан мумкин аст.

Лавҳаи видеоӣ ва лонгрид дар бораи озодии қисмати соҳили рости Украина аз сӯйи Артиши Сурх дар бораи базургтарин набарди низомӣ аз рӯйи теъдоди ширкаткунандагон, ки дар он шаш артиши шӯравии танкӣ ширкат доштанд, қисса мекунад. Дар бораи мавсими зимистона ва баҳории ин ҳамла, дар бораи тавозуни нерӯҳо ва иқдомоти аслии ҷангӣ ҳикоят мешавад.Дар пайи амалиёти бобарор Артиши Сурх барои нахустин бор баъд аз соли 1942 ба марзи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ наздик шуд ва даҳҳо миллион нафар сокинони маҳаллиро озод кард.

Озодкунии қисмати соҳили рости Украина — лонгриди чаҳорум аз бахши матолиби чандрасонаии "15 зарбаи Артиши Сурх" мебошад. Дар сомонаи хабаргузорӣ матолиби дигари чандрасонаӣ, аз ҷумла матлаб дар бораи набардҳои Курск ва Сталинград, ҳамчунин муҳосираи Ленинградро дидан мумкин аст. Ин иқдом 2 сентябр — дар рӯзи поёни Ҷанги дуввуми Ҷаҳонӣ анҷом меёбад.

Барои тарҳи чандрасонаии "15 зарбаи Артиши Сурх" коршиносони ХБИ "Русия имрӯз" харитаҳои муфассал, инфографика таҳия карда аз матолиби видеоӣ ва аксии бойгонии хабаргузорӣ ва бойгонии телевизион ва радиои давлатӣ истифода карданд. Ин тарҳ ҷузъе аз иқдоми умумирусиягии "Пирӯзӣ! 70 сол" мебошад.

Шарикони тарҳи "15 зарбаи Артиши Сурх" гурӯҳи иртибототии "LBL" (таблиғоти расонаӣ) ва ширкати ""1PTV" (телевизион дар нақлиёти мусофирбар) шуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала