Қурби евро дар Душанбе аз 7 сомонӣ гузашт

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкПули воҳиди Аврупо. Акс аз бойгонӣ
Пули воҳиди Аврупо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Воҳиди пули Аврупо аз ҳама гаронтар дар маркази маъмурии вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд фурӯхта мешавад – 7,27 сомонӣ.

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Қурби пули воҳиди Аврупо 8% афзоиш ёфта аз 7 сомонӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд убур кардааст, зикр мешавад дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон.

Қурби евро дар Душанбе ба ҳадди 7 сомонӣ 24 апрел расид, ҳарчанд дар Хуҷанд ин мизон ҳафтае пеш расида буд.

Феълан қурби муттавасити евро дар Тоҷикистон 6,96 сомонӣ аст. Гаронтар аз ҳама он дар Хуҷанд ба фурӯш меравад — 7,27 сомонӣ ва аз ҳама арзонтар дар Кӯлоб — 6,60 сомонӣ. Дар Душанбе қурби евро 7,17 сомонӣ мебошад.

Доллари ИМА ва арзи миллии ҶТ- сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Болоравии қурби доллар нисбати сомонӣ идома дорад

Қурби фурӯши доллари ИМА аз авоили сол 19,1% афзоиш ёфта феълан 6,53 сомонӣ мебошад. Арзонтар аз ҳама арзи амрикоӣ дар Кӯлоб фурӯхта мешавад — 6,50 сомонӣ. Дар дигар шаҳрҳо қурби он 6,54 сомонӣ мебошад.

Арзиши фурӯши рубли Русия дар Тоҷикистон 1,28 сомонӣ аст ва аз авоили сол вай ҳудуди 30% қиммати қаблии худро бозпас гирифт. Дар авоили моҳи январи соли 2015 қурби он 0,92 сомонӣ буд ва аз тобистони соли 2014 ҳудуди 50% арзиши худро аз даст дод. Ба унвони мисол, дар авоили моҳи июни соли 2014 рубли русӣ бо арзиши 1,50 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Болоравии қурби доллар ва афзоиши ниёз ба он ва додуситади ғайриқонунии он дар бозори арзӣ мунҷар шуданд, ки Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти нукоти табодули арзи хусусиро мамнуъ ва ин амрро танҳо ба банкҳо вогузор кард. Дар бонки марказӣ умедворанд, ки ин амр ба ҷилавгирӣ аз хариду фурӯши ғайриқонунӣ ва танзими қурби доллар мусоъидат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0