Ҷангиёни хориҷӣ дар шимоли Афғонистон таҷаммуъ мекунанд

© AP / Emilio MorenattiАфсари афғон аз тирезаи чархбол назорат мекунад. Акс аз бойгонӣ
Афсари афғон аз тирезаи чархбол назорат мекунад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Фаъолшавии гурӯҳҳои ҷангиён дар шимоли Афғонистон, ки дар суфуфи онҳо атбоъи хориҷӣ низ ҳастанд, мояи нигаронии ниҳодҳои қудратии маҳаллӣ ва идораҳои вижаи кишварҳои ҳамсоя шудааст.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар шимоли Афғонистон фаъолшавии ҷангиён афзоиш ёфтааст, мақомоти маҳаллӣ бар ин назаранд, ки ин амр ба фаъолияти гурӯҳҳои мухталифи хориҷӣ марбут аст, хабар медиҳад сомонаи "Афганистан.ру".

Даргириҳо дар чанд манотиқи вилояти Қундуз рух додаанд. Дар ҷараёни яке аз онҳо даҳҳо ҷангиён кушта шудаанд, ки дар миёни онҳо зодагони Чеченистон ва Тоҷикистон шиносоӣ шудаанд.

Баъди муддате ниҳодҳои амниятии маҳаллӣ мушшахас карданд, ки дар суфуфи гурӯҳҳои зиддавлатӣ шаҳрвандони Ӯзбекистон, Туркманистон, кишварҳои арабӣ ва ҷангиёни уйғур аз Чин ҳузур доранд.

Амали террористӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Инфиҷор дар Қундуз боиси марги масъули додситонӣ шуд

"Дар баробари Қундуз, ошӯбгарон дар вилоёти Фароб, Сари Пул ва Бадашон ва ҳамчунин дар манотиқи алоҳидаи Тахор, Вардак ва Ҷузҷон ҷой гирифтаанд", — омадааст дар хабар бо истинод ба шабакаи телевизионии "Тулӯъ".

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки теъдоди ҷангиёни хориҷӣ то ба чанд ҳазор нафар расидааст. Тибқи бархе аз иттилоъот, бештаре аз онҳо дар Афғонистон бо хонаводаҳои худ зиндагӣ кард пайвандони худро барои ширкат дар амалиёти низомӣ, тавлиди маводди мунфаҷира ва таблиғот даъват мекунанд.

Намояндагони ВКД Афғонистон аз эъломи теъдоди эҳтимолии чунин ҷангиён ва мизони таъсири онҳо ба вазъи амниятии кишвар худдорӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала