Эргашев: ҳадафи баромадани “Истиқлол” аз гурӯҳ 13 май ҳалл мешавад

© Официальный сайт ФФТБозии "Ал-Қадсия" бо "Истиқлол"
Бозии Ал-Қадсия бо Истиқлол - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мусовӣ дар бозии даври панҷуми Ҷоми КФО дар гурӯҳи “С” ба тими тоҷикистонӣ имкон дод, ки интизории куллияи мухлисон – баромадан ба давраи ниҳоии мусобиқотро наздик созад.

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Тими футболи пойтахти Тоҷикистон бозӣ бо тими "Эрбил"-и Ироқро дар меҳмонӣ рӯзи чаҳоршанбе мусовӣ анҷом дод, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бозӣ дар шаҳри Доха (Қатар) баргузор шуд. Тими тоҷикистонӣ чанд лаҳзаи хуби голзанӣ ба дарвозаи рақибонро дошт, вале дар лаҳзаи ахир ба футболбозон ё маҳорат намерасид ё омад намекард. Бозӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.

"Рақибон омодагии хуб доштанд ва барои мубориза талош мекарданд. Мо ба навбаи худ хеле мехостем, ки бохти давраи аввалро ҷуброн кунем ва ба ин ҳадаф наздик ҳам будем. Вале моро анҷоми хуби мавориди голзанӣ монеъ шуд", — изҳор дошт сармуррабии тими "Истиқлол" Мубин Эргашев дар нишасти матбуъотии баъд аз анҷоми бозӣ.

Қаблан муррабии "Истиқлол" ба хабарнигорон қавл дода буд, ки агар бозингаронаш ба давраи чаҳорякфиналӣ раҳ ёбанд, мӯйи сари худро комилан метарошад. Қавли худро иҷро мекунад ё хайр баъд аз анҷоми даври ниҳоии бозиҳои ин гурӯҳ равшан хоҳад шуд.

"Ҳадафи баромадан ба даври оянда дар даври охирин ҳал мешавад ва мо дар майдони худ тими "Ахал"-и Туркманистонро меҳмондорӣ мекунем", — афзуд Эргашев.

Феълан "Истиқлол" бо ҳашт имтиёз дар гурӯҳи худ мавқеъи дуввумро дорад. Тими "Ал-Қадсия" бо 10 имтиёз пешсафи гурӯҳ мебошад, ки ахиран дар бозӣ бо "Ахал" пирӯз шуда қабл аз ҳама ба давраи финалӣ роҳхат гирифт. Дар бозии ахир ба душанбегиҳо кофӣ аст, ки мағлуб нашаванд.

Лентаи хабарҳо
0