Гузари мотосиклчиёни “Помир-боми ҷаҳон” аз Санкт-Петербург оғоз шуд

Обуна шудан
НовостиTelegram
Сафари мотосиклчиёни рус “Помир-боми ҷаҳон” дар Санкт-Петербург оғоз шуда масири он аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мегузарад ва дар анҷоми гузар филм ва китобе таҳия хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Мотосиклчиёни рус ба гузар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи сешанбе аз назди Кохи миллатҳои Санкт-Петербург оғоз карданд, менависад хабаргузории "БалтИнфо".

Онҳо аз қаламрави кишварҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон убур мекунанд.

"Ҳадаф — сафар ба Осиёи Миёна, навиштани китоб ва таҳияи филм аст, — таъкид кард мубтакири ҷунбиши "Бишин ва бирав" Павел Кобяк. — Мо мехоҳем тамоми ҳақиқатро қисса кунем, ки бо чашмони худ мебинем ва онро шумо дар китоб хоҳед хонд: вазъи зербаноҳо, ҷоддаҳо, вазъи иқтисодӣ".

Садои муҳаррик ва ҷилои метал: дар Душанбе "Мотосезон-2015" ифтитоҳ гардид

Кохи миллатҳо дар Санкт-Петербург ба ширкаткунандагони гузар "номаи эътимодӣ" бидод, ки дар он аз ҳамаи ҷонибҳои меҳмондор дархост шудааст, ки барои ширкаткунандагони ин гузар дар таъмини иттилоъотӣ мусоъидат кунанд. Нома ба шаш забон, аз ҷумла ба тоҷикӣ, навишта шудаанд.

Гузари "Помир-боми ҷаҳон" зери ҳимояти Созмони географии Русия сурат гирифта ҷузъи барномаи бузургест, ки ҳамгиройии варзишгарони ҳаваскор дар рушди муколамаи фарҳангии миёни миллатҳо ва кишварҳои ИДМ, тавсеъаи табодули иттилоъотиву фарҳангиро ҳадаф дорад.

Лентаи хабарҳо
0