Темир Сариев 27-ин нахуствазири Қирғизистон шуд

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкТемир Сариев. Акс аз бойгонӣ
Темир Сариев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сариев ба ин мансаб ба шарте интихоб шудааст, ки дигар номазадии худро дар интихоботи порлумони соли 2015 пешбарӣ намекунад.

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Темир Сариев —собиқ вазири иқтисоди Қирғизистон рӯзи панҷшанбе нахуствазири ин кишвар интихоб шуд, хабар дод Sputnik дар Қирғизистон.

Порлумони ин кишвар номзадии Сариевро, ки аз ҷониби эътилофи аксарият ба мақоми нахуствазир пешниҳод гардиааст, таъйид намуд. Ба дастгирии номзадии Сариев ва кобинаи вазирон аз 99 вакили порлумони Қирғизистон 97 нафар овоз додаанд.

Бино ба гуфтаи раъиси эътилофи аксарият Феликс Қулов, Сариев ба ин мансаб ба шарте пешбарӣ шудааст, ки дигар номазадии худро дар интихоботи порлумони соли 2015 пешбарӣ намекунад.

Нахуствазири тозаинтихобгардида зимни суханронияш иброз дошт, ки фаъолияти кобинаи вазирони ӯ ба манфиати халқ ва рушди кишвараш равона хоҳад шуд. Темир Сариев аз соли 2011 то ба ин замон вазифаи вазири иқтисоди Қирғизистонро бар ӯуҳда дошт.
Сардори кобинаи пешини Қиғизистон — Ҷоомарт Оторбоев ҳафтаи сипаришуда бо хоҳиши худ аз вазифаи нахуствазир истеъфо дод. Баъд аз ин раиси ҷумуҳури кишвари ҳамсоя Алмосбек Атамбоев, қарор дарб бораи таъйини нахуствазир ва аъзои нави ҳукуматро ба имзо расонд.

Лентаи хабарҳо
0