Дзюдочии тоҷик соҳиби “нуқра” дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар Берлин шуд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар мусобиқоте, ки рӯзҳои таътили гузашта дар пойтахти Олмон баргузор шуданд, Маҷидов бар рақибони худ аз Олмон, Словения ва Русия пирӯз шуд.

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Варзишгари тоҷик Хуршед Маҷидов соҳиби нишони нуқрагин дар Ҷоми ҷаҳонии дзюдо дар миёни ҷавонон шуд, хабар медиҳад маркази матбуъотии Комитети Миллии Олимпии ҶТ.

Ин мусобиқот рӯзҳои таътили гузашта дар Берлин баргузор шуданд. Дар вазни 90 килограммии худ Маҷидов бар рақибонаш аз Олмон, Словения ва Русия пирӯз шуд.

Барои соҳиб шудан ба мақоми аввал варзишгари мо бо ҳамтои дигари рус Инал Таосоев вориди набард шуд, вале дар ниҳоят дуҷори мағлубият гашт.

Дар маҷмӯъ дар Ҷоми ҷаҳонии дзюдои байни ҷавонон 661 варзишгар аз 37 кишвар ширкат карданд.

Лентаи хабарҳо
0