Фавти намои балети Рус

Тибқи васият, ҷасади Майя Плисетская сӯзонида ва сипас хокистараш бо хокистари ҷасади шавҳараш Родион Шедрин омехта шуда дар фазои Русия пошида мешавад.

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Рӯзи шанбе дар Мюнхен дар пайи сактаи қалб дар синни 89 солагӣ Майя Плисетская фавтид, ки ӯро намои балети Русия унвон мекарданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Вай нақши Одетта-Одиллия дар "Кӯли уқобӣ", Аврора дар "Маликаи хуфта", Соҳиби кӯҳи мисин дар "Гули сангӣ" ва Кармен дар "Кармен-сюита"-и Ҳедринро бозидааст.

"Майя Плисетская — белиринаи бузург, зани бузург, шахсияти нотакрор аст. Инро на танҳо дар Русия, балки дар тамоми ҷаҳон дарк мекарданд: Майя Плисетская — ин нишони балети Русия дар асри ХХ мебошад", — гуфт мудири кулли театри Болшой Владимир Урин.

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ба пайвандон ва наздикони балерина изҳори тасаллият кард.

Нахуствазир Дмитрий Медведев фавти Плисетскаяро талафоти бузург номид.

"Балеринаи беҳамто, ки аз пайванди аҳёни санъаткорӣ, зебоӣ, мардонагӣ ва шарофат бархурдор буд. Бо чунин нафарон видоъ хеле сангин аст. Якҷо бо вай як давраи комили балет рафт", — гуфт вай.

Видоъ бо Плисетская дар Олмон бо ҳузури пайвандон ва наздикон сурат гирифта сипас хокистари ҷасадаш дар фазои Русия пошида мешавад. Балерина якҷо бо шавҳараш Родион Шедрин васияти муштараке таҳия карда буданд, ки наҳваи видоъ ва дафни онҳоро мушшахас мекунад.

"Васияти ниҳоӣ чунин аст. Аҷсоди мо баъд аз фавт сӯзонида шаванд ва вақти ҷонгудоз фаро расаду нафаре, ки бештар умр мебинад ва ё дар вақти фавти баҳангом хокистари аҷсоди мо омезиш дода дар фазои Русия пошида шавад", — омадааст дар васиятнома.

Майя Плисетская 20 ноябри соли 1925 дар Москав таваллуд шуда ва аз 8 солагӣ ба омӯзишгоҳи рақсӣ меравад.

Аз вай ба унвони намои театри болшой, рамз ва ақидаи балети руси ва беҳтарин балеринаи қарни ХХ, худои балети ҷаҳонӣ ном мебурданд.
Плисетская — ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ, барандаи ҷоизаи ба номи Ленин, дорандаи ҷоизаҳои "Триумф" ва "Олимпи миллии Русия", дорандаи ҳамаи анвои ордени "Барои хидмат дар назди Ватан" мебошад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала