Раиси ҷумҳур раҳбарони Идораи муҳоҷирату “Тоҷикстандарт”-ро иваз кард

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookРаҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон 4 майи соли 2015 бархе аз мақомоти тоза таъйиншударо ба ҳузур пазируфт.
Раҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон 4 майи соли 2015 бархе аз мақомоти тоза таъйиншударо ба ҳузур пазируфт. - Sputnik Тоҷикистон
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мақомоти бархе аз вазоратхонаҳо ва ниҳоди кишварро иваз кард ва тағйироти кадрӣ ниҳодҳои додгоҳии кишварро низ фаро гирифт.

ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. Рӯзи душанбе раҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон бархе аз мақомоти тозатаъйинро дар ҳузури худ бипазирифт, ки дар миёни онҳо раҳбари ҷадиди Идораи муҳоҷират Тоир Каримов ва раҳбари нави "Тоҷикстандарт" Ибодулло Қурбонов буданд, хабар медиҳад сомонаи раиси ҷумҳур.

Ахиран раҳбарияти Шӯрои адлия, ниҳодҳои додгоҳӣ, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, Идораи гумрук, Ожонсии стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, Комитети умури изтирорӣ иваз карда шуданд.

Тоир Каримов раҳбари Идораи муҳоҷират ва Зоҳир Мирзоев раҳбари намояндагии он дар Русия таъйин шуданд.

Хуршед Каримзода муъовини аввали Идораи гумрук ва Сӯҳроб Сайдализода муъовини раҳбари ин ниҳод таъйин шуданд.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раиси ҷумҳур раҳбарони Бонки миллии Тоҷикистонро иваз кард

Нусратулло Садирзода раиси додгоҳи Душанбе шуд, Алишо Қурбониён муъовини аввалаш ва Гулбону Саидзода ва Асомуддин Абдураҳимов муъовинони раиси додгоҳи Душанбе таъйин шуданд.

Мудири Ожонсии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати тиҷоратӣ Ибодулло Қурбонов ва Миралӣ Олимов муъовини аввалаш ва Икромиддин Вализода муъовинаш таъйин шуданд.

Рустам Шоев ба вазифаи муъовини аввали расии Комитети умури изтирорӣ, Муҳамддаҷон Кенҷаев ва Ҷамшед Маҳмадов муъовинони раҳбари ин ниҳод таъйин шуданд. Нуриддин Муҳиддинов раҳбари таълимгоҳи давлатии Донишкадаи арсаи тандурустӣ таъйин шуд.

Муъовини аввали раиси Шӯрои адлия Ҷамол Саидзода ва муъовини мудири Маркази омӯзиши додрасҳои назди ин Шӯро Қаноат Ҳомидова бознишаста шуданд.

Дар маҷмӯъ 11 қозии додгоҳҳои шаҳру навоҳиҳо ба нафақа гуселонида шуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала