Боздошти наврасе, ки худро писари раиси ҷумҳурӣ муъаррифӣ мекард

© Sputnik Амир ИсаевОжонси назорати молӣ ва мубориза бо фасод. Акс аз бойгонӣ
Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасод. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мактабхони душанбегӣ ҳамроҳ бо як пайвандаш аз роҳи тақаллуб талош доштанд аз ҳамшаҳри зудбовари худ барои ихтисоси қитъаи замин пул ситонанд, вале аз сӯйи маъмурони ниҳоди зиддифасод боздошт шуданд.

ДУШАНБЕ, 6 мая — Sputnik. Хонандаи синфи даҳуми Мактаби байналмиллалии Душанбе Хушдил Қурбонов худро писари хурдии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Сомони Эмомалӣ муъаррифӣ мекард, менависад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба ниҳоди Зиддифасоди кишвар.

Ин наврас, ки худро писари хурдии Эмомалӣ Раҳмон муъаррифӣ мекард, маблағҳои ҳангуфте гирифта ба мақомот дастур медодааст.

Мактабхон худ танҳо амал накарда пайванди худ Ҷӯрахон Холовро ба ин амал ҷалб карда буд.

Онҳо ба боварии шаҳрванд Маҳмадризо Раҷабов даромада ба ӯ ваъда медиҳанд, ки барояш 0,30 гектар заминро дар ҷамоъати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ихтисос медиҳанд. Барои ин тақаллубкорон $50 ҳазор гирифтанд.

Таҳқиқоти муқаддамотӣ собит кард, ки Хушдил Қурбонов ба як мақоми маҳаллӣ Сабзалӣ Маҷидов занг зада ва бо лаҳни фармоишӣ тақозо мекунад қитъаи заминро ба Маҳмадризо Раҷабов ихтисос бидиҳад ва изофа мекунад, ки вай "одам ӯст".

Қитъаи замин ихтисос дода нашуд, зеро ин вазъ ба ин мақом шубҳаовар намуд.

Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасод алоқамандони пулҳои қаллобиро боздошт карда алайҳашон парвандаи ҷиноӣ боз кард ва таҳқиқи он идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала