Саҳифагардонӣ: Гитлер, аз шарму шарофат маҳрум

© Sputnik / Иван Шагин / Гузариш ба медиабонкШоир Абдулқосим Лоҳутӣ. Акс аз бойгонӣ
Шоир Абдулқосим Лоҳутӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Sputnik ба бознашри матолиби солҳои ҷангӣ, ки дар матбуоти тоҷик дар он солҳои дури 1941 ба табъ расида буданд, идома медиҳад.

Соли ҳуҷуму зафар

Ҳама донанд ки чун гурги шарир,
Ҳар саги ҳор бувад ғофилгир.
Нарму хомӯш зи раҳ мегузарад,
Чун ба одам расад, ӯро бидарад.
Сифати шер валекин ин нест,
Шер номарду баду пуркин нест.

Гар бихоҳад сӯи душман тозад,
Ғурриш аввал ба ҷаҳон андозад.

Нагурезад агар аз ғурриши ӯ,
Хасм беҷон шавад аз бурриши ӯ.
В-ар ба вай бехабар оранд ҳуҷум,
Бо ҳама савлату зӯри маълум,
Пас равад як ду қадам хашмолуд,
Тунд ҳар сӯ назар андозаду зуд
Ҷамъ гашта биҷаҳад шер, чу тир.
Кӣ тавонад раҳад аз ҳамлаи шер?

Гитлер, аз шарму шарофат маҳрум,
Чун саги ҳор ба мо кард ҳуҷум.
Шери мо як-ду қадам вопас рафт,
Вопас аз ҳилаи он нокас рафт,
Назаре тез ба ҳар сӯ андохт,
Зуд шуд ҷамъу сӯи душман тохт.

© SputnikШеъри Лоҳутӣ. Тоҷикистони сурх
Шеъри Лоҳутӣ. Тоҷикистони сурх - Sputnik Тоҷикистон
Шеъри Лоҳутӣ. Тоҷикистони сурх

Бигрезад зи вай акнун чун меш,
Он ки буд гург ду рӯ аз ин пеш.

Лекин ин тохт нахустин бошад
Ҷои дамгирии Берлин бошад.
То аз ин галласагони душман
Зинда боқист ба дунё як тан,
Тарки кӯшиш накунад ханҷари мо,
Халқи мо, лашкари мо, кишвари мо.

Соли кӯҳна, паи омода шудан,
Пас нишастем агар аз душман,
Соли нав соли ҳуҷум асту зафар,
Соли фонӣ шудани гурги башар.

Ба ту, эй лашкари пурзӯру далер,
Ба ту, эй халқи тавонои кабир,
Ба ту, эй кишвари нусратангез,
Ба ту, эй раҳбари маҳбубу азиз,
Иди имсол муборак бошад,
Фатҳу иқбол муборак бошад!

Абулқосим Лоҳутӣ. ("Тоҷикистони сурх"). Декабри соли 1941. Сталинобод.

© SputnikКормандони корхона. "Тоҷикистони сурх"
Кормандони корхона. Тоҷикистони сурх - Sputnik Тоҷикистон
Кормандони корхона. "Тоҷикистони сурх"
Лентаи хабарҳо
0