Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар Брюссел намоиш дода шуд

Ширкаткунандагони ин ҳамоиш ба таҷрибаи тоҷикон дар дастрасӣ ба ваҳдати миллӣ баҳои баланд дода, зикр карданд, ки ин таҷриба бояд барои ҳалли сулҳомези даргириҳои минтақавӣ истифода шавад.

ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон рӯзи чаҳоршанбе дар Брюссел ба унвони беҳтарин намунаи дастрасӣ ба ваҳдати миллӣ намоиш дода шуд, хабар медиҳад ВКХ ҶТ.

Ин таҷрибаро намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо сафир Рустамҷон Солиев дар ҷаласаи чаҳоруми намояндагони созмонҳои минтақавӣ ва созмонҳои дигар барои сиёсати ҷилавгирӣ ва миёнравӣ муъаррифӣ кард.

"Зикр шуд, ки СММ ин наҳваи созишро беҳтарин намунаи дастрасӣ ба суббот ва сулҳ арзёбӣ кард. Вай гуфт, ки дастрасӣ ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба фаъолияти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марбут аст", — омадааст дар хабари ниҳоди сиёсати хориҷии кишвар.

Ширкаткунандагони ин ҳамоиш ба таҷрибаи сулҳ ва ваҳдати милии Тоҷикистон баҳои баланд дода, зикр карданд, ин таҷриба бояд зимни ҳалли даргириҳои маҳаллӣ омӯхта ва истифода шавад.

Ин ҳамоиш ба ибтикори Иттиҳодияи Аврпуо дар ҳамкорӣ бо СММ, САҲА ва Созмони ҳамкориҳои исломӣ баргузор шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала