Дар Петербург гузари "Полки абадӣ" бо аксҳои куҳансарбозон баргузор шуд

Обуна шудан
Сокинони Санкт-Петербург парчами бузурги Пирӯзӣ ва аксҳои куҳансарбозони пайвандонашонро дар гузари "Полки абадӣ" бо ҳам доштанд. Дар ин навори видеоӣ бубинед, ки ин иқдом дар остонаи ҷашн ҷӣ гуна сурат бигирифт.

Ҳудуди 5 ҳазор нафар дар гузари "Полки абадӣ" дар Санкт-Петербург рӯзи чаҳоршанбе ширкат карданд. Сафи ширкаткунандагон аз куҳансарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, коргарони ақабгоҳ, мактабхонҳо ва донишҷӯён иборат буд.

"Полки абадӣ" — иқдоми ҷамъиятиест, ки аз гузаре иборат аст, ки ширкаткунандагонаш дар даст аксҳои пайвандонашонро доранд, ки дар набардҳои Ҷанги Бузурги ватанӣ ширкат кардаанд.

Ин иқдом соли 2012 дар Томск сурат гирифта буд ва он замон аз хиёбони марказии ин шаҳр беш аз 6 ҳазор нафар гузаштанд, ки дар даст беш аз 2 ҳазор акси ширкаткунадагони Ҷанги Бузурги ватаниро доштанд. Соли 2013 ин иқдом дар 120 шаҳр ва рустои Русия сурат гирифт ва дар соли 2014 "Полки абадӣ" дар 500 шаҳри ҳафт кишвар анҷом шуд.

Дар соли 2015, дар соли таҷлили 70-умин солгарди анҷомёбии Ҷанги Бузурги ватанӣ "Полки абадӣ" дар 15 кишвар сурат мегирад — Русия, Австрия, Озарбойҷон, Белорус, Олмон, Исроил, Ирландия, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Норвегия, ИМА ва ҳамчунин дар Украина ва Эстония.

 

Лентаи хабарҳо
0