Дар Душанбе “ёвари муъовини нахуствазир”-и 16 сола боздошт шуд

© Sputnik / Валерий ЛевитинТелефони ҳамроҳ
Телефони ҳамроҳ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Наврас ба мақомот занг зада ва худро ёвари муъовини нахуствазир муъаррифи мекард ва аз номи раҳбарият супоришҳои мухталиф медод ва ба ин тартиб ӯ падари худро барои пардохти алиментпулӣ маҷбур сохт

ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Пайванди шонздаҳсолаи "мақомоти баландпояро" дар Душанбе маъмурони ниҳодҳои интизомӣ боздошт карданд, менависад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба ВКД ҶТ.

Зикр мешавад, ки Умедҷон Абдураҳмонов худро ёвари муъовини нахуствазир Азим Иброҳим, ҷияни раиси порлумон Шукурҷон Зуҳуров, писари сафир, корманди Додгоҳи олӣ муъаррифӣ мекард.

Ин ҷавон, менависад хабаргузорӣ, ба мақомот занг зада худро аз наздикони мақомоти баландпоя муъаррифӣ мекард ва ин ё он дастур медод. Ба унвони мисол, вай қаблан тасмим гирифтааст, ки ба бибиаш кӯмак кунад — ба раиси ноҳияи Фирдавсӣ занг зада дастур додааст, ки дар остонаи Ҷашни Пирӯзӣ ба сокини 80 солаи ин ноҳия кӯмак кунад. Таҳқиқот собит кардааст, ин хонум бибии воқеъии ин муттаҳам будааст.

"Ман ба раиси ноҳияи Фирдавсӣ шахсан занг задам. Вай посух дод ва баъд аз аҳволпурсӣ ман худро ёвари муъовини нахуствазир Азим Иброҳим муъаррифӣ кардам. Вай суол кард, ки чӣ хидмате бароям кунад. Посух додам, ки сокини ноҳияи Фирдавсӣ Фотима Муҳиддинова, ки соли таваллудаш 1935 аст, ба кӯмак ниёз дорад ва дастур додам, ки дар остонаи ҷашни Пирӯзӣ барояш кӯмак кунанд. Суроғаро низ гуфтам. Ба ман ҷавоб доданд, ки ин дастурро ҳатман иҷро мекунанд. Дертар онҳо бибии Фотимаро пайдо карданд, комиссияе таъсис дода барояш 500 сомонӣ тақдим карданду ба ман занг зада гуфтанд, ки дастур иҷро шуд", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз суханони қаллоб.

Боздошти наврасе, ки худро писари раиси ҷумҳурӣ муъаррифӣ мекард

Ба ҳамин тартиб Умедҷон Абдураҳмон падари худро барои пардохтани алиментпулӣ маҷбур кардааст. Вай ба хонуми ҷадиди падараш занг зада худро корманди Додгоҳи олӣ муъаррифӣ мекунад ва ёдовар мешавад, ки тибқи қонун вай муваззаф аст, ки сареъан алиментпулиро пардохт кунад, вагарна ҷаримаи бузург таъйинаш мешавад.

"Рӯзи дигар алиментпулӣ бирасид. Ману модарам ба ин маблағ бароям либоси мактабӣ харидем. Баъд аз ин ҳодиса дигар мо бо алиментпулӣ мушкил надоштем", — қисса кард Умедҷон.

Ҳамчунин зикр мешавад, ки Абдураҳмонов ба дӯстонаш худро ҷияни Шукурҷон Зуҳуров — раиси порлумон ва писари сафир муъаррифӣ мекард.

Лентаи хабарҳо
0