Боришоти шадид ба навоҳии ҷануби кишвар хисорот овард

Обуна шудан
Барои бартараф кардани харобиҳо масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар вилояти Хатлон дар ҷои ҳодиса қарор дошта, маблағи зарари расонидашударо муайян мекунанд.

ДУШАНБЕ, 12 мая — Sputnik. Дар натиҷаи бориши шадиди борон ва омадани сел сокинони сокинони ноҳияҳои Қубодиён, Ҷиликӯл ва Хуросони вилояти Хатлон хисорот дидаанд, иттилоъ медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Ба иттилоъи манбаъ, 11-уми май сел ҳудуди 300 гектар замини кишорварзиро дар деҳаҳои Бошқалъа ва Чапар 2-и ҷамоати деҳоти ба номи "Утақара Назаров"-и ноҳияи Қубодиён хароб кардааст.

Ҳоло барои бартараф кардани хисороти ворида, масъулини ситоди ҳолатҳои фавқуллода дар вилояти Хатлон дар ҷои ҳодиса қарор дошта, маблағи зарари расонидашударо муайян мекунанд.

Дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар рӯзҳои охир дар пайи борони шадид ва ба сел табдил шудани он дар ноҳияи Ҷиликӯл боиси хароб шудани як пул, зарар дидани 12 хонаи истиқоматӣ  ва 4 мактаби миёна шудааст.

Ҳамзамон, дар ҷамоати деҳоти "Қизил-Қалъа"-и рустои Меҳнатободи ноҳияи Хуросон ба якчанд заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон обу лойқа даромада, як хонаи истиқоматӣ комилан вайрон гаштааст.

Лентаи хабарҳо
0