Сарварии ширкати “Сомон Эйр”-ро боз як хориҷӣ ба дӯш гирифт

© Sputnik Игорь ЛекаркинДафтари "Сомон Эйр" дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Дафтари Сомон Эйр дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати ҳавонавардии “Сомон Эйр” роҳбарашро дигар кард ва тибқи анъана ба курсии сарварии он боз як мутахассиси хориҷӣ такя зад.

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Эвхенио Хайме Манзано ба ҷои Ллойд Пакстон, ки аз моҳи октябри соли 2010 роҳбарии ширкати "Сомон Эйр"-ро ба зимма дошт, директори нави корхона таъин шуд, менависад оҷонсии Авеста.

Эвхенио Хаймеи 49-сола испанитабор буда, ҳоло шаҳрванди Олмон мебошад. Манзано соҳиби 2 маълумоти олӣ буда, фаъолияти кориашро соли 1986 ба ҳайси мутахассис дар ширкати "Iberia" шурӯъ кардааст.

Роҳбари нави "Сомон Эйр" баъд аз таин шуданаш ба ин вазифа гуфтааст, вақте ба ӯ ин мақомро пешниҳод карданд, ӯ розӣ шуд, зеро аллакай қалбаш дар Тоҷикистон аст. 

Ширкати "Сомон Эйр" яке аз ширкатҳои маъруфи ҳавонавардии Тоҷикистон буда, аз соли 2009 дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Тибқи иттилои сомонааш, ин ширкатӣ ба 16 самт ба анҷом мерасонад. 

Ин ширкатро нахуст Алишер Рустамов роҳбарӣ мекард ва моҳи октябри соли 2012 Ллойд Пакстони бритонёӣ роҳбари ин ширкат таин шуд.  Пакстон дар гузашта раҳбарии ширкати "Эйр Астана"-ро бар ӯҳда дошт. Вай аз ин пеш дар ширкати ҳавопаймоии Бритониё (British Airways) низ ифои вазифа кардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала