ҲХДТ иддаои Абдураҳмоновро бепоя хонд

Обуна шудан
“Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, истеъфои раҳбари собиқашро хоҳиши худи ӯ дониста, аммо иддаои ӯ дар мавриди “маҳалагароӣ” дар ҳизбро рад кард.

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. "Созандагони Ватан", ҷиноҳи ҷавонони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, рӯзи 12 май бо нашри як изҳорот иддаои раиси собиқаш Исфандиёр Абдураҳмонов оиди "шеваи нодурусти мудирият дар ҲХДТ" —ро рад кард, менависад "Радиои Озодӣ".

Маҷлиси намояндагон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷавонтарин вакили парлумон роҳбари фраксияи ҲХДТ интихоб шуд

Исфандиёр Абдураҳмонов, ки ба гуфтаи худаш, ба нишони эътироз аз мақом канор рафт ва ҳоло берун аз Тоҷикистон ба сар мебарад, дар суҳбат бо расонаҳо, аз ҷумла раҳбарони собиқашро "ба маҳалгароӣ, ҳасадхӯрӣ, нодида гирифтани лаёқату малакаи кории истеъдодҳои ҷавон ва ҳамчунин ноадолатӣ" муттаҳам кард.

"Аввалин чизе, ки маро кор дар ин соҳа дилхунук сохт, ин маҳалгароии баъзе аз шахсони мақомдори ҳизби мо буд. 27 феврал як озмун доштем бо номи "иншои беҳтарин" ва дар низомномааш гуфта шуда буд, танҳо барои ҷавонони пойтахт аст. Вале азбаски дар ин иқдоми мо муовини раиси ҳизб Раънохон Бобоҷониён даст дошт, ҷойҳои намоёнро нафарони аз вилояти Суғдбуда гирифтанд, ки ин ба норозигии шадиди ҷавонон рӯбарӯ шуд", — гуфтааст Абдураҳмонов дар сӯҳбат бо "Озодӣ".

Исфандиёр Абдураҳмонов сабаби дигари норизоияти худро ба як ҳодисаи интихоботӣ рабт додааст.

"Дар арафаи интихобот байни соҳибкорон ва фурӯшандагони бозорҳо ташвиқот мебурдам, онҳо аз ман хоҳиш карданд, як микрофони озод биёрем ва онҳо хоҳишҳояшонро ба сатҳи болоӣ расонанд. Муовини аввал дар ҷавоб гуфтанд, аз паяш нагард. Агар нафаре, ки солҳо дар дастгоҳи президент кор кардаву ҳамин гапро гӯяд, дигар чӣ хулоса бароварданам мумкин аст?!", — гуфтааст Абдураҳмонов.

Варақаҳои таблиғотии ҲХДТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Номзади ҲХДТ дар Кӯлоб 82% раъй гирифт

Аммо Шӯрои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" дар изҳороте, ки 12 май тариқи расонаҳо нашр кард, аз ин гуфтаҳои Исфандиёр Абдураҳмонов изҳори ҳайрат намудааст.

"Хеле аламовар аст, ки ҷавонони ҳизб ҷиҳати таъсиси як созмон, ки ҳадафҳои созанда дорад тӯли чандсолаҳо дастҷамъона заҳмат мекашанд, барои фаъолу шинохта шудани он нерӯю дониши худро равона месозанд, вале як нафари тасодуфӣ, ки аз кӯчаи сиёсату одоб нагузаштааст, ҳанӯз кори назаррасе барои ин созмон анҷом надода, дар як лаҳза мехоҳад обрӯю эътибори онро ба замин яксон созад", — омадааст дар изҳорот.

Дар идомаи изҳорот таъкид шудааст, ки Абдураҳмонов бо миёнаравии бархе аз афроди баландпояи ҳизб раҳбари "Созандагони Ватан" интихоб шуд. Изҳороти "Созандагони Ватан" интихоби Исфандиёр Абдураҳмоновро "иштибоҳи ҷиддӣ" хонда, ӯро як ҷавони вазифахоҳу мансабҷӯ муаррифӣ мекунад, ки мехост аз тариқи соҳиб шудан ба ин мансаб, соҳиби пулу мол гардад.

Муовини раиси ҲХДТ: ба ҳизби мо аз рӯи корҳои кардаамон овоз диҳед

"Созандагони Ватан" мегӯяд, касе дар дастгоҳи марказии ҲХДТ ва бахши ҷавонони он ба Исфандиёр Абдураҳмонов ҳисси кинаву бадбинӣ надошт ва "ба гумони ғолиб баъди ба зимма гирифтани раҳбарии он ба зудӣ эҳсос намудааст, ки бори заҳмати ин созмонро бо донишу маърифати заифе, ки дорад, наметавонад бикашад ва бинобар ҳамин танҳо баъд аз се моҳ истеъфо додааст."

Дар ин изҳорот ҳатто ба зиндагии шахсии ин раҳбари пешини "Созандагони Ватан" ишорат шудааст, ки гӯё ду хонумро ба сифати ҳамсар интихоб намуда ва сарсону саргардон намудааст ва хонаводаи солим надоштааст. Изҳороти "Созандагони Ватан" ба дигар паҳлӯҳои зиндагии хонаводаи раҳбари пешини худ низ мудохила намуда ва мегӯяд, ки як бародари ӯ барои қаллобӣ маҳбус аст ва бародари дигараш барои "фиребу найрангҳои молиявӣ" дар пайгарди қонунӣ қарор дорад.

Созмони "Созандагони Ватан", ҷиноҳи ҷавони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон 27 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе ташкил шуда ва мисли комсомол дар назди Ҳизби коммунист мебошад. Нахустин раиси ин созмон Адҳам Мирсаидов интихоб шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0