Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Дар Ботканд даври навбатии баҳси марзӣ доир мегардад

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкМарзи муштараки Қирғизистону Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Марзи муштараки Қирғизистону Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бори охир баҳси марзӣ дар маҳаллаи "Баҳор"-и Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон зимни пайрадории марзбонҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар ин қаламрав рӯй дода буд.

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Даври нави музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи мушаххас кардану аломатгузории қитъаҳои баҳсталаби марзашон нимаи дувуми моҳи май дар вилояти Бодканд идома хоҳад кард, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба Қурбонбой Искандаров, намояндаи расмии ҳукумати Қирғизистон.  

"Интизор меравад, ҷонибҳо панҷ километр қитъаи баҳсии миёни Исфараю Бодкандро ба харита ворид кунанд",- афзуд манбаъ.

Яке аз роҳҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қирғизистон сохтмони роҳи наздимарзиро қатъ кардааст

Ба қавли Қурбонбой Искандаров, ин давра пешрафте дар музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон хоҳад буд.   

Ҳамзамон, ҳар ду ҷониб эълон медоранд, набояд дар ин масъала сиёсатбозӣ ё манфиатҷӯӣ кард, аммо эътироф мекунанд, ки ҳар ду тараф омода нестанд, аз манфиатҳои миллии худ қатъи назар намоянд. 

Бори охир мушкили марзӣ дар маҳаллаи "Баҳор"-и Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни гаштугузори марзбонҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар ин қаламрав рӯй дода буд.

То ҳоло аз 976 километри марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон 519 километраш муайян шуда, тарафҳо қарор аст, 457 километри боқимондаро мушаххас намоянд. Қирғизистон тарафдори суръат бахшидан ба ҳалли масъала аст, аммо тарафи Тоҷикистон мегӯяд, ки масъалаи марзи давлатӣ бояд бо ҷиддияти тамом ва қадам ба қадам ҳал шавад.

Лентаи хабарҳо
0