Дар Помир умури иктишофии фузулоти нодир оғоз шуд

© Фото : Пресс-служба Главного управления геологии ТаджикистанаУмури иктишофӣ дар кони Намадгут дар ВМКБ. Акс аз маркази матбӯъотии "Геологияи Тоҷикистон".
Умури иктишофӣ дар кони Намадгут дар ВМКБ. Акс аз маркази матбӯъотии Геологияи Тоҷикистон. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Помир умури иктишофии ҷоҳҳо барои пайдо кардани фузулоти навъҳои нодир, ки дар табиъат аҳёнан зуҳур мекунанду дар мавзеъоти дарснорас қарор доранд, оғоз карданд.

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Дар кони фузулоти нодири Намадгут дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон умури иктишофӣ оғоз шудаанд, хабар медиҳад сомонаи Сарраёсати геологияи Тоҷикистон.

Бо фаъолияти ин кон ва асноди тарҳӣ раҳбарони "Геологияи Тоҷикистон" ва раиси вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ Шодихон Ҷамшед ошно шудаанд.

"Ба фузулоти нодир гурӯҳи элементҳое шомил ҳастанд, ки теъдодашон беш аз 60 номгӯй мебошад. Инҳо лити й, бериллий, ванадий, титан, германий ва фузулоти дигар мебошанд. Аз онҳо дар саноъат кам истифода мешавад ва ё дар табиъат аҳёнан дида мешаванд ва истихроҷи онҳо душвор аст", — тавзеъ медиҳанд геологҳо.

Кадом навъи фузулот дар мавзеъи Намадгут дида мешаванд дар "Раёсати геология" тавзеъ намедиҳанд, вале зикр мекунанд, ки ин амр баъд аз анҷоми пажӯҳиши ин кон рӯшан хоҳад шуд.

Дар Тоҷикистон аллакай таҷрибаи кор дар ин соҳа вуҷуд дорад. Дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд корхонаи фузулоти нодири "Востокредмет" фаъолият дорад, ки ба истихроҷ ва коркарди фузулоте назири титан, молибден, ванадий, марганетс ва анвои дигари фузулоти нодир машғул мебошад.

Лентаи хабарҳо
0