Иҷрои 100 дарсадии нақшаи даъвати баҳорӣ

© Sputnik Игорь ЛекаркинВазорати дифои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Вазорати дифои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Тоҷикистон эълон кардааст, ки қабл аз ҳама вилояти Хатлон аз уҳдаи иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ баромад.

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз сӯи вазорати дифои Тоҷикистон 100 дарсад иҷро шудааст, менависад хабаргузории "Озодагон".

Хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифоъ нақшаи даъватро пеш аз муҳлат иҷро мекунад

Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи ин ниҳод ба хабаргузорӣ гуфтааст, қабл аз дигар минтақаҳо вилояти Хатлон нақшаро иҷро кард. Дар навбати дувум 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд аз иҷрои нақша хабар додаанд. Вилояти Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ низ қабл аз муҳлати муайяншуда нақшаро иҷро кардаанд.

Маҳмадалиев афзудааст, зимни даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз сӯи бархе волидон шикоятҳое низ ироа шудааст.

"Масалан, баъзан волидон мехостанд, ки фарзандашон дар ин ё он ноҳия рафта хизмат кунад. Тибқи талаботи қонун ин дархостҳои онҳо баррасӣ мегардид", — гуфтааст сухангӯи вазорат.

Фариддун Маҳмадалиев иброз доштааст, дар қиёс ба солҳои пеш теъдоди ихтиёриён барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ афзудааст.

"Бубинед, дар 3 рӯзи аввал аллакай 3 ноҳия аз иҷрои пурраи нақша баромаданд, ки ин аз зиёд гардидани ихтиёриён гувоҳӣ медиҳад", — гуфтааст масъули вазорат.

Дар 42 рӯзи даъвати баҳорӣ нақша сад фоиз иҷро гардид, вале то охири моҳи май Комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ кори худро идома медиҳад, гуфтааст Маҳмадалиев.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала