Муовинони раисони БМТ ва Амонатбонк маълум шуданд

© SputnikБонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бо қарору фармонҳои ҳукумати Тоҷикистон муовинони раиси Бонки миллӣ ва раиси “Амонатбонк” бо муовинонаш таъйин шуданд.

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Муовинони раиси Бонки миллӣ ва раиси "Амонатбонк" бо муовинонаш бо судури чанд фармону қарори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон 13 май таъйин шуданд, менависад сомонаи президент.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раиси бонки миллӣ: беқурбшавии пули миллӣ омилҳои берунӣ дорад

Бо фармони президент, Сироҷиддин Икромов ва Умед Латифов муовинони нави раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудаанд. Икромов, то ин замон дар курсии муовини раиси "Амонатбонк" менишаст, навиштааст сомона.

Бо фармони дигари президент Лола Салимова, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудааст. Инчунин Ҳакимзода Руҳулло Абдуғанӣ раиси Раёсати Бонки давлатии "Амонатбонк" таъин шудааст.

Бо қарорҳои дигари ҳукумат, Бахтиёр Маҳмудов ва Исломиддин Раҳмонов, муовини раиси "Амонатбонк" таъин шуда, Абдуманнон Саидов аз мақоми муовинӣ дар ин ниҳод озод ва муовини якуми раиси "Амонатбонк" шудааст.

Аввалҳои моҳи май Эмомалӣ Раҳмон Абдуҷаббор Ширинов раиси Бонки миллӣ ва ҳамаи муовинони ӯро аз вазифа барканор намуда, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси "Амонатбонк"-ро раҳбари нави Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияро муовини аввали ӯ таъин кард.

Лентаи хабарҳо
0