Барои тақвияти неруҳои амниятии Афғонистон НАТО $60 млн ҷудо мекунад

© AP / Massoud HossainiХадамоти махсуси ВКД-и Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Хадамоти махсуси ВКД-и Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Дастовардҳои сенздаҳ соли ахир дар Афғонистон ҳанӯз ҳам хеле заифу ночиз ҳастанд. Аз ин рӯ ҳузури неруҳои байналмилалӣ дар минтақа баъди соли 2016 ҳам зарурат дорад”,- гуфт Довуд-оғлу

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. НАТО барои тақвияти неруҳои амниятии Афғонистон дар солҳои 2015-2017 ҳудуди $60 млн медиҳад, ҳамзамон ҳузури мутахассисони байналмилалӣ дар он кишвар дар соли 2016 ҳам бояд ҳифз шавад, иброз дошт рӯзи чоршанбе нахуствазири Туркия Довуд Аҳмад-оғлу. Дар ин бора РИА Новости иттилоъ медиҳад.

Сарвазири Туркия аснои ифтитоҳи ҷаласаи вазирон дар Анталия ба саҳми НАТО дар амнсозии вазъи Афғонистон ишора карда гуфт, аз ин баъд низ ҳамкориро бо мақомоти ҷумҳурии исломӣ бояд идома диҳем ва ислоҳоти сохтории он кишварро дастгирӣ намоем.

"Дастовардҳои сенздаҳ соли ахир дар Афғонистон ҳанӯз ҳам хеле заифу ночиз ҳастанд. Аз ин рӯ ҳузури неруҳои байналмилалӣ дар минтақа баъди соли 2016 ҳам зарурат дорад",- гуфт Довуд-оғлу.

Ба қавли ӯ, эътилофи шимолӣ омодааст, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон сохторҳои қудратии ин кишварро маблағгузорӣ намояд.

"Мо (НАТО) барои неруҳои амниятии Афғонистон ва ҷиҳати таъмини оромӣ дар минтақа 60 миллион доллари ИМА ҷудо мекунем",- қайд кард Довуд-оғлу.

Лентаи хабарҳо
0