Global Firepower: будҷаи низомии Тоҷикистон $75 миллион аст

© Sputnik / Амир ИсаевГузари Пирӯзӣ дар Душанбе
Гузари Пирӯзӣ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Global Firepower зимни таҳияи феҳраст ба ҷуз аз будҷаи низомӣ ҳамчунин миқдори васоили фаннии низомӣ, аз ҷумла, танкҳо ва ҳавопаймоҳои низомӣ, теъдоди артиш ва масоҳати қаламрави кишварро ба инобат гирифтаанд.

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Будҷаи низомии Тоҷикистон $75 миллион аст ва дар ихтиёри нерӯҳои мусаллаҳи кишвар 37 адад танк, 3 адад таҷҳизоти мушакии якандохт ва 25 ҳавопаймо қарор доранд, омадааст дар гузориши Global Firepower.

Гузориши бесобиқаи тавони низомии кишварҳо ва омодабошии низомии онҳоро созмони Global Firepower дар феҳрасте таҳия кардааст, ки дар он Тоҷикистон дар миёни 126 кишвари ҷаҳон ҷойгоҳи 81 касб кардааст.

Global Firepower зимни таҳияи феҳраст ба ҷуз аз будҷаи низомӣ ҳамчунин миқдори васоили фаннии низомӣ, аз ҷумла, танкҳо ва ҳавопаймоҳои низомӣ, теъдоди артиш ва масоҳати қаламрави кишварро ба инобат гирифтаанд.

Сарбози рус аслиҳа ва қутрҳои онро аз назар мегузаронад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон барои мубориза алайҳи ДИ аз Русия кӯмаки низомӣ мегирад

Дар ин феҳраст зикр мешавад, ки нерӯҳои хушкигарди Тоҷикистон 37 адад танк, 46 адад зиреҳпӯш, 3 адад таҷҳизоти мушакии якандохт дар ихтиёр доранд.

Нерӯҳои ҳавоии кишвар аз 25 ҳавопаймои низомӣ, 20 чархбол, 15 ҳавопаймои борбари низомӣ ва 4 ҳавопаймои омӯзишӣ иборат аст.

Ҳамзамон нерӯҳои ҳавоии кишвар ҷангандаҳо, ҳамлагарҳо ва таҷҳизоти худгарди мушакзан надорад.

Зикр мешавад, ки будҷаи низомии Тоҷикистон $75 миллион мебошад.

Муъовини вазири дифоъи ФР. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Антонов: бо кӯмак ба Тоҷикистон мо кишварҳои СПАД-ро ҳимоят мекунем

"Қарзи хориҷии кишвар $2 миллиарду 162 миллион мебошад, захойири байналмиллалиаш $1 миллиарду 72 миллион ва таносуби имконоти харидориаш 19 миллиарду 200 миллион аст", — зикр мешавад дар феҳраст.

Ба ҷуз аз ин, оморе назири теъдоди аҳолӣ ба инобат гирифта шудаанд — 8 миллиону 51 ҳазор нафар, ки аз онҳо 4 миллион нафар нерӯи озоди корӣ мебошанд, 3,1 миллион нафар ба гурӯҳи нерӯи кории кишвар шомил шудаанд, 150,4 ҳазор нафар сокинон ба синни даъвати низомӣ расидаанд, вале теъдоди марзбонон 6 ҳазор нафар арзёбӣ шудааст.

Масоҳати умумии Тоҷикистон 143,1 ҳазор километр аст, ки аз он тибқи феҳрасти Global Firepower 4 ҳазору 130 километр манотиқи ҳаммарз буда, 200 километр роҳҳои обӣ мебошанд.

Дар ин феҳраст ҳамчунин омори ҳамсоягони наздики Тоҷикистон оварда шудаанд. Қирғизистон дар зарфияти низомӣ ҷойгоҳи 78 касб кардааст, Қазоқистон — 66, Ӯзбекистон 54 ва Туркманистон дар ҷойи 90 қарор доранд.

Пешсафҳои феҳраст:

Аз рӯйи зарфияти низомӣ дар ин феҳраст ИМА ҷойгоҳи аввал, Русия дар ҷойи дуввум ва сипас Чин қарор доранд.

ИМА

Будҷаи низомии ИМА $577,1 миллиард асту теъдоди марзбононаш 1,4 миллион нафар мебошад.
Нерӯҳои хушкигарди ИМА:
Танкҳо — 8 848
Зиреҳпӯшҳо — 41 062
Тӯпҳои худгард — 1934
Таҷҳизоти мушакзани реактивӣ — 1 331
Нерӯҳои ҳавоии ИМА:
Ҳавопаймоҳо — 13 892
Ҷангандаҳо — 2 207

Ҳамлагарон — 2 797

Ҳавопаймоҳои борбар — 5 366
Чархболҳо — 6 196
Чархболҳои ҳамлагар — 920

Нерӯҳои дарёии ИМА:
Сохтори нерӯҳои ҳавоӣ — 473
Киштиҳои ҳавопаймобар — 20
Фрегатҳо — 10
Эсминтсҳо — 62
Киштиҳои зериобӣ — 72
Назорати соҳилӣ — 13

Русия

Будҷаи низомии Русия $60,4 миллиард аст ва теъдоди марзбононаш 766 ҳазору 055 нафар аст.
Нерӯҳои хушкигарди ФР:
Танкҳо — 15 394
Зиреҳпӯшҳо — 31 298
Тӯпҳои худгард — 5 972
Таҷҳизоти мушакии зудандохт — 3 793
Нерӯҳои ҳавоии ФР:
Ҳавопаймоҳо — 3 429
Ҷангандаҳо — 769
Ҳамлагарон — 1 305
Ҳавопаймоҳои борбар — 1 083
Чархболҳо — 1 120
Чархболҳои ҳамлагар — 462
Нерӯҳои дарёии ФР:

Сохтори нерӯҳои дарёӣ — 352
Киштиҳои ҳавопаймодор — 1

Фрегатҳо — 4
Эсминтсҳо —12
Корветҳо — 73
Киштиҳои зериобӣ — 55
Ҳифозати соҳилӣ — 65

Чин

Будҷаи низомии Чин $145 миллиард ва теъдоди марзбононаш 2 миллиону 333 ҳазор нафар аст.
Нерӯҳои хушкигарди Чин:
Танкҳо — 9150
Зиреҳпӯшҳо — 4 788
Тӯпҳои худгард — 1710
Таҷҳизоти мушакии реактивӣ — 1 770
Нерӯҳои ҳавоии Чин:
Ҳавопаймоҳо — 2 860
Ҷангандаҳо — 0 066
Ҳамлаварон — 1 311
Ҳавопаймоҳои борбар — 876
Чархболҳо — 908
Чархболҳои ҳамлагар — 196
Нерӯҳои дарёии Чин:
Сохтори нерӯҳои дарёӣ — 673
Киштиҳои ҳавопаймодор — 1
Фрегатҳо — 47
Эсминтсҳо — 25
Корветҳо — 23
Киштиҳои зериобӣ — 67
Ҳифозати соҳилӣ — 11

Лентаи хабарҳо
0