ВАО: кӯмакхоҳии табиби тоҷик аз райисҷумҳури Тоҷикистон

Моҳи октябри соли гузашта ҳамшираи шафқати тоҷик ба асорати як гурӯҳи мусаллаҳ афтод ва тақрибан пас аз 4 моҳ раҳо шуд ва пас аз талошҳои зиёд охири моҳи феврали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон баргашт.

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Гулрухсор Рофиева, табиби тоҷик ва сокини Панҷакент, ки се моҳ қабл аз ин, пас аз асорати 105 рӯза дар Яман, ба зодгоҳаш баргашта буд, мегӯяд, мушкилоти зиндагӣ маҷбураш сохтааст, барои кӯмак ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кунад, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

Асири пешини одамрабоёни Яман, Гулрухсор Рофиева унвонии раисиҷумҳури Тоҷикистон нома навишта, хостааст, дар ҳалли масъалаи манзили зист барояш кӯмак кунад. Вай мегӯяд, райиси шаҳри Панҷакент Ислом Шафиев баъди бозгашт ба Ватан ба хабаргириаш омада ваъда дод, ки масъалаи таъмини ҷои кор ва манзилро ҳал мекунад, вале то ҳанӯз ваъдаи худро баҷо наоварданд ва ӯ бо фарзандонаш дар шароити мушкил зиндагӣ мекунад.

ВАО: Гулрухсор Рофиева, табиби тоҷик аз асорат раҳо шуд

"Шафиев дар вақти баргаштанам аз Яман ба хонаи мо омада аз вазъи зисту зиндагониям бохабар гашта, ваъда дода буданд, ки барои таъмини манзили истиқоматӣ кӯмак менамоянд ва ҳамзамон барои дарёфти ҷойи кори хубтар мусоидат менамоянд. Бо ҷойи кор таъмин карданд, вале маро дар шӯъбаи омори беморхонаи марказӣ ба сифати ҳуҷҷатгузор ба кор монданд. Аз ин рӯ ман ба президент муроҷиат кардам",- менависад радио аз қавли Рофиева.

Ба гуфти ӯ, маоши ҳозирааш ҳамагӣ 200 сомонӣ (қариб $30) дар як моҳ аст ва он ба сарфу харҷи рӯзгор намерасад.  

Гуфта мешавад, Рофиева айни замон бо ду фарзанд дар хонаи падару модараш дар ҳавлии кӯчаке ва дар умум 21 нафар зиндагонӣ менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала