“Таърихи дин” барои мактабҳои Тоҷикистон омода мешавад

© SputnikВазорати маориф ва илми Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дастур додааст, ки то моҳи сентярби соли ҷорӣ китоби "Таърихи дин" таҳия ва ба хонандагони синфи 9 таълим дода шавад.

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Китоби "Таърихи дин" бо дастури Вазорати маориф ва илм таҳия ва сар аз 1 сентябр дар мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистон таълим дода хоҳад шуд, менависад "Радиои Озодӣ".

Книга Э. Рахмона Таджики в зеркале истории на французском языке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф дастур дод, ки китоби президент омӯхта шавад

Ба таҳияи ин китоб Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи назди Академияи улуми Тоҷикистон пардохтааст.

Шарифмурод Исрофилниё, раиси пажуҳишгоҳ ба радио гуфтааст, исломшиносони Академияи улум ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф бо ташкил додани як гурӯҳи таҳқиқотӣ ба таҳияи китоби дарсии "Таърихи дин" барои мактабҳои миёна оғоз намуданд.

"Ин китоби дарсӣ бояд то 1 уми сентябри соли равон омода шуда, баъд аз тасдиқи Вазорати маориф ба табъ хоҳад расид. Китоби мазкур барои синфҳои 9 тавсия дода хоҳад шуд", — гуфтааст Исрофилиён.

Раҳбари Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи назди Академияи илмҳои Тоҷикистон афзудааст, бахши асосии китоби нави дарсӣ ба ислом ихтисос ёфта, дар баробари он ба шакли мухтасар дар бораи дину мазҳабҳои дигар низ маълумот дода мешавад. Дар соли 2010 Вазорати маъорифи Тоҷикистон як китоби дарсӣ таҳти унвони "Маърифати ислом" барои мактабҳои миёна омода карда буд. Вале ду сол баъд, дар моҳи январи соли 2011 ин фан аз барномаи таълим бардошта шуд.

Баъдтар Вазорати маориф шарҳ дод, ки таълими фанни мазкур бар асоси китоб сурат нагирифт ва муаллимон аз рӯйи як дастурамале, ки вазорат барояшон таҳия карда буд, аз манбаъҳои мухталиф ба хонандагон таълим медоданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала