Президент гуфт, роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон саривақт бунёд шавад

Обуна шудан
Президент Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, баъд аз бунёди ин роҳ қимати маҳсулот дар дохили кишвар коҳиш ёфта, арзиши рафту омад байни ин манотиқ арзон хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 15 май ба сохтмонӣ нақб дар масири роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон оғоз бахшида, бо сокинони ин ноҳия мулоқот намудааст, менависад сомонаи президент.

Роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазир аз сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон дидан кард

Дар сурати ба кор оғоз намудани қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, ки имрӯз бунёди нақбҳои он шурӯъ гардиданд, "барои корҳои бору мусофиркашонӣ аз марказ ба ҷануби мамлакат имконияти беҳтар муҳайё гардида, масофаи роҳ низ кӯтоҳ хоҳад шуд".

Раисиҷумҳур гуфтааст, дар ҳолати оғози рафтуомади қатораҳои байнишаҳрии Душанбе — Ваҳдат — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб робитаи ду минтақаи калони кишвар дар тамоми сол таъмин гардида, равуои сокинони мамлакат хеле осону бемамониат ва нархи роҳкирову интиқоли маҳсулот ба маротиб арзон мешавад.

"Мувофиқи лоиҳа арзиши сохтмони хатти роҳи мазкур беш аз 800 миллион сомониро ташкил дода, 40,7 километрро дар бар мегирад. Барои сохтмони роҳ 3755 метр нақб, 8 пул ба дарозии умумии 764 метр ва даҳҳо иншооти дигар бунёд карда мешавад", — навиштааст сомона.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, сохтмони қитъаи Ваҳдат — Ёвон дар масири роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа, ки моҳи марти соли 2009 оғоз ёфтааст, мувофиқи нақша бояд дар соли 2017 ба анҷом расонида шавад.

Президент ба Вазорати нақлиёт, Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон", дигар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти дахлдор супориш додааст, ки корҳои сохтмони роҳи оҳанро ҳарчи бештар суръат бахшида, дар муҳлати муқарраршуда ба истифода диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0