Туркманистон созишнома дар бораи душаҳрвандӣ бо Русияро тамдид накард

Шаҳрвандони Туркманистон, ки хоҳиши дарёфти табааи Русияро доранд, аз ин ба баъд бояд шиносномаи маҳаллиашонро супоранд, зеро мӯҳлати иҷрои созишномаи дуҷонибаи Русия ва Туркманистон дар бораи душаҳрвандӣ ба итмом расид.

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Ашқобод тасмим гирифт, ки созишномаи дуҷонибаи Русия ва Туркманистонро дар мавриди душаҳрвандӣ, ки соли 1993 ба имзо расида ва ду сол баъд ба иҷро даромад, тамдид накунад. Дар ин бора сайти расмии ВКХ ФР иттилоъ додааст.

Қарори ҳукумати Туркманистон дар бораи қатъи иҷрои бандҳои созишномаи мазкур (манзур душаҳрвандӣ аст-шарҳи идора) дуруст аст, иброз доштанд дар Вазорати умури хориҷаи Русия, зеро яке аз шартҳои созишнома ҳамин нуктаро талаб мекунад.

"Ҳангоми гуфтушунидҳо дар сатҳи боло ҷониби Туркманистон иброз дошт, ки шахсони то ин замон мақоми душаҳрвандиро тибқи қонун соҳиб гардида, метавонанд онро нигоҳ доранд",- омадааст дар иттилоъия.

Гуфтанист, шурӯъ аз 10-уми июли соли 2013 сафари шаҳрвандони Туркманистон ба хориҷ аз кишвар танҳо дар сурати доштани шиносномаи хориҷӣ сурат мегирад ва ин вазъ шахсонеро, ки мақоми душаҳрвандиро дар ин ҷумҳурӣ ба ташвиш овардааст. Зеро, наҳваи ироаи шиносномаи хориҷӣ ба ин гурӯҳ ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала