Бозии “Истиқлол” бо “Газовик”-и Оренбург дар назар аст

Ба эътиқоди шореҳони бозии футбол, бозии дар пеш истодаи дӯстона, навъи рақобати бародарон Восиевҳо хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Бозии байналмиллалии дӯстонаи миёни қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, тими футболи "Истиқлол" ва дастаи "Газовик"-и Оренбург, ки дар лигаи миллии ФР рақобат мекунад, 21 июн дар Душанбе баргузор мешавад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон.

Тибқи иттилоъи сомонаи расмии тим, бозӣ бо тавофуқи ду ҷониб соати 19:00 рӯзи 21 июн дар Варзишгоҳи марказӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Шореҳони варзишӣ зикр мекунанд, ки дар ҳайати тими "Газовик" муҳофизатгари тими миллии Тоҷикистон Фарҳод Восиев бозӣ мекунад, ки аз соли 2013 ба ин тими Оренбург пайвастааст. Ҳамчунин зикр шудааст, ки бародари бузурги Фарҳод — Дилшод Восиев бозигари тими "Истиқлол" мебошад. Ба эътиқоди онҳо, бозии дар пеш истодаи дӯстона навъи рақобати бародарон Восиевҳо хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала