ВКД: сонеҳа дар Дарвоз боиси марги 4 нафар гардид

Дар пайи сарозер шудани мошин ба дарёи Панҷ чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд, ки ду нафарашон низомӣ будаанд.

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik.  Рӯзи 16-май, автомашинаи тамғаи "Нисан-Патрол", таҳти идораи ронанда  Алидод Ниҳолови 29-сола, ба ҷарии 20-метр чаппа шуда, дар дарёи "Панҷ" ғарқ шудааст, иттилоъ медиҳад сомонаи Вазорати умури дохила.

Ба иттилоъи расида, бародарон Худойбердӣ ва Саидқадам Худойбердиевҳо, ки низомӣ будаанд, ҳамроҳ бо ҷиянашон Нилуфар Эмомназарова барои азодории модарашон-Гулхотун, ки субҳи 15-уми май даргузашт, ба деҳаи Емси ноҳияи Рӯшон раҳсипор будаанд.

"Аз тарафи чапи роҳ санги калон ба қисми болои автомашина афтида, ба ҷарии 20-метр чаппа шуда, дар дарёи "Панҷ" ғарқ шудааст",-афзуд манбаъ.

Ин ҳодиса дар километри 369-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб- Қалъаи Хумб, воқеъ дар маҳаллаи "Новак"-и ноҳияи Дарвоз рух додааст. Аз мошин, ки дар маҳаллаи "Ҷорф"-и ноҳияи Дарвоз аз миёни дарё пайдо шуд, танҳо ҷасади Нилуфари 23-сола дарёфт гардид, ки имсол бояд Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро хатм мекард. Кофтукоби ҷасади Саидқадами 55-сола, бародараш Худойбердии 43-сола ва ронанда-Алидоди 29-сола идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала