Бадахшон барои сайёҳони хориҷӣ дубора дастрас шуд

Анҷумани туризми эко-фарҳангии Помир (The Pamirs Eco-Cultural Tourism Association (PECTA) аз байн рафтани маҳдудияти сафари сайёҳони хориҷӣ ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тасдиқ кард.

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Ширкатҳои сайёҳии Бадахшон мегӯянд, бахши раводид ва бақайдгирии Хадамоти шиносномадиҳии Вазорати умури дохилӣ мамнӯияти сафари ҷаҳонгардони хориҷӣ ба ин минтақаро лағв кардааст, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ ба истинод ба масъулини ХШ ВКД.

"Бахши раводид ва бақайдгирии Хадамоти шиносномадиҳии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон маҳдудияти эҷодшуда дар роҳи сафари сайёҳони хориҷӣ ба Бадахшонро бардоштааст ва аллакай даҳҳо сайёҳи хориҷӣ аз ин идораи марказаш дар Душанбе ҳаққи сафар ба ин минтақаро ба даст овардаанд",- меафзояд манбаъ.

Пиряхи Федченко дар Помир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
National Geographic помирро шомили сегонаи беҳтарин гушаҳои дунё кард

Ин иттилоъро корманди масъули  Анҷумани туризми эко-фарҳангии Помир (The Pamirs Eco-Cultural Tourism Association (PECTA)  Замбия Зоиршоева низ тасдиқ намуд

"Омадани сайёҳон сар шудааст. Даҳҳо нафар то ин соат ба Бадахшон расиданд. Ҳоло  вазъ дар Бадахшон ором аст ва ҳеч таҳдиде ба сайёҳон дар инҷо вуҷуд надорад, ки хориҷиён аз сафар ба ин кӯҳистони зебо худдорӣ кунанд",- илова кард ӯ.

Сарвари ширкати "Silk Tour" Шагарф Муллоабдулов  дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард, вале гуфт, манъи сафар ба Бадахшон ва он ҳам дар оғози мавсим, ки як моҳ давом кард, ба кори ширкатҳои сайёҳӣ зарари калон овард.

 "Шарикони мо ҳар рӯз занг мезаданд, ки чӣ кор кунем? Фиристем сайёҳ ё на? Хеле аз хоҳишмандони сайёҳат аз Бадахшон дар ними роҳ монданд, хеле дигар аз азми сафар даст кашиданд",-гуфт вай.

Мақомоти ХШ (ОВИР)  ҳанӯз ин хабарро расман тасдиқ ё рад накардаанд.

Мавзӯи манъ шудани сафари сайёҳони хориҷӣ ба Бадахшон ҳафтаи гузашта, дар пайи шикояти Ксения Бозрикова ва Ирина Шнитс, ду ҷаҳонгарди рус, ки аз тариқи як ширкати маҳаллӣ ба Душанбе омада, вале иҷозаи сафар ба Бадахшонро аз ОВИР ба даст оварда натавонистанд, расонаӣ шуд.

Масъули ширкати сайёҳие, ки ба ин ду шаҳрванди Русия ваъдаи сафар ба Бадахшонро дода буд, ба расонаҳо гуфт, онҳо маҷбур шудаанд, ба хотири ҳифзи эътимоди муштариён 1600 доллар харҷи ин ду нафарро бозпас диҳанд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала