“Ғаюр” сарпарастии дастаи “Вахш”-ро бар дӯш гирифт

Акбар Ғуломови 34-сола, раҳбари ҶДММ “Ғаюр” бо пешниҳоди президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи кумитаи иҷроия 30 апрели соли равон муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъин шудааст.

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Сарпарастии бошгоҳи футболи "Вахш"-и Қӯрғонтеппаро ҶДММ "Ғаюр" ба уҳда гирифтааст, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Раҳбари ҶДММ "Ғаюр" Акбар Ғуломов, писари собиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон марҳум Асадулло Ғуломов аст.

Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи "Вахш", гуфтааст, аз кӯмаку дастгирии ҶДММ "Ғаюр" ва раҳбари он Акбар Ғуломов, ки дар давраи вазнин ба даста дасти ёрӣ дароз кардааст, хеле миннатдор аст.

"Ман бовар дорам, ки ҳамкории Бошгоҳи футболи "Вахш" бо ширкати "Ғаюр" ба даста имкон медиҳад, ки дар мавсими имсола ба натиҷаҳои нисбатан хубтар ноил шавад", — иброз доштааст Исроил Шарифов.

Дар доираи ин ҳамкорӣ рамзи ҶДММ "Ғаюр", ки аслан ба истеҳсоли семент машғул аст, дар давоми мавсим дар либоси футболбозони "Вахш" нақш мебандад.

Дастаи футболи "Вахш", ки таърихи тӯлонӣ дорад, солҳои охир бо мушкилоти ҷиддии молӣ рӯбарӯ шудааст. Дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон "Вахш", ки яке аз манбаъҳои кадр барои дастаҳои мунтахаби кишвар аст, се бор — солҳои 1997, 2005 ва 2009 қаҳрамони футболи Тоҷикистон гардидааст.

Дар ҳамин ҳол "Вахш" дар ҷадвали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо 5 имтиёз аз 6 бозӣ дар байни 10 даста дар ҷойи ҳаштум қарор дорад.

"Радиои Озодӣ" хабар медиҳад, ки Акбар Ғуломови 34-сола, раҳбари ҶДММ "Ғаюр" бо пешниҳоди президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи кумитаи иҷроия 30 апрели соли равон муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъин шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала