Расонаҳо: санҷиши ногаҳонии нерӯҳои СПАД анҷом шуд

© Фото : сайт ОДКБТамрини нерӯҳои вокуниши сареъи СПАД. Акс аз сомонаи СПАД
Тамрини нерӯҳои вокуниши сареъи СПАД. Акс аз сомонаи СПАД - Sputnik Тоҷикистон
Марҳилаи ниҳоии санҷиши омодабошии нерӯҳои вокуниши сареъи СПАД дар тамрингоҳи “Ҳарбмайдон” баргузор шуд. Нерӯҳои ба ин санҷиш ҷалбшудаи СПАД амалиёти заруриро анҷом доданд.

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Санҷиши ногаҳонии омодабошии нерӯҳои вокуниши сареъи СПАД анҷом ёфт, хабар медиҳад CA-News.

Санҷиш ба навиштаи хабаргузорӣ бо баргузории амалиёт дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдон" дар ҷануби Тоҷикистон ба поён расид.

Марҳилаи ниҳоии санҷишро вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, ёвари раиси ҷумҳури кишвар дар умури амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, дабири кулли СПАД Николай Бордюжа ва фармондеҳони ҷузъу томҳои низомии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия назорат карданд.

Николай Бордюжа. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ва Бордюжа авлавиятҳои СПАД-ро баррасӣ мекунанд

Сомонаи СПАД хабар медиҳад, ки рӯзи душанбе бар пояи ғояи ин амалиёти ҷилавгирӣ аз ҳамлаи душмани эҳтимолӣ, куллияи ҷузъҳои вокуниши сареъи ҷалбшуда тамриноти зарурӣ анҷом доданд.

Нерӯҳои вижаи чатрбозони Русия аз суфуфи нерӯҳои вокуниши сареъ барои бори нахуст аз ҳавопаймои борбари ИЛ-76 бо чатрҳои "Арбалет" ба манотиқи кӯҳистонии ношиносу душворгузар партоб шуданд.

"Ба манзури пуштибонӣ аз фазо нерӯҳои ҳавоӣ-чархболҳои МИ-8 ва Ми-24-и нерӯҳои ҳавоии Русия ва Тоҷикистон, ҷангандаҳои СУ-27-и нерӯҳои ҳавоии Қазоқистон, ҷангандаҳои СУ-25СМ-и Русия ба мавзеъоти душмани шартӣ зарбаҳо заданд", — омадааст дар хабар.

Дар замин воҳидҳои низомӣ ба манзури анҷоми амалиёти ҷилавгирӣ аз гурӯҳҳои ғайрирасмии низомӣ дар шароити кӯҳистонӣ тамрини ситодӣ анҷом доданд. Масоили раҳбарии нерӯҳои вокуниши сареъ дар ҳимояти марзҳои давлатии Тоҷикистон тамрин шуданд.

Фармондеҳии кулли ин санҷишро раҳбари Шӯрои вузарои дифоъи кишварҳои узви СПАД, вазири дифоъи Тоҷикистон генерал Шералӣ Мирзо, ки дар нуқтаи фармондеҳӣ қарор дошт, анҷом медод.

Дар тадорукоти санҷиши ногаҳонӣ ҷузъу томҳои нерӯҳои вокуниши сареъ аз кишварҳои узви СПАД — Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон, дар маҷмӯъ беш аз 2,5 ҳазор низомиён ва ҳудуди 200 васоили ҷангиву фаннӣ ва ҳудуди 20 ҷангандаҳо ширкат карданд.

Нерӯҳо ба Тоҷикистон 13-15 май мунтақил шуда буданд. Бад ин манзур 30 ҳавопаймоҳои борбари низомӣ ҷалб шуданд.

Нерӯҳои вокуниши сареъ соли 2009 таъсис шуда 22 ҳазор нафар низомиёнро дар ихтиёр дорад. Ба ҷуз аз ин СПАД Нерӯҳои муштараки вокуниши сареъи минтақаи Осиёи Марказӣ, Нерӯҳои муштараки сулҳхоҳ ва Нерӯҳои муштараки ҳавоӣ дар ихтиёр дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала