Арзиши аввалияи маводди сӯхтӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 20% пойин рафтааст

© Sputnik / Михаил Мокрушин / Гузариш ба медиабонкМаводди сӯхтӣ. Акс аз бойгонӣ
Маводди сӯхтӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар гузориши вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон зикр мешавад, ки воридоти маводди сӯхтӣ ба кишвар дар моҳҳои январ-апрели соли 2015 ба миқдори 162,8 ҳазор тонна шудааст, ки ин рақам аз омори ҳамин давраи соли гузашта 31,2 ҳазор тонна камтар мебошад.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Арзиши муттавасити 1 тонна маводди сӯхтии воридотӣ ба Тоҷикистон аз моҳи январ то моҳи апрели соли ҷорӣ 19,3% коҳиш ёфта ба $672 барои як тонна расидааст, омадааст дар гузориши "Бозрасӣ ва огаҳсозии сареъ дар Тоҷикистон".

Воридоти маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистон дар моҳҳои январ ва апрели соли 2015 ба 162,8 ҳазор тонна расидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 31,2 ҳазор тонна камтар аст, омадааст дар гузориши таҳия кардаи вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон.

ВИҶТ: арзиши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон 20 дарсад зиёд мешавад

Хабар дода шудааст, ки миқдори маводди сӯхтии дизелие, ки ба Тоҷикистон ворид шудааст, 62,1 ҳазор тонна бо нархи муттавасити $631 барои 1 тонна будааст. Бензин ба миқдори 78,1 ҳазор тонна бо қиммати муттавасити $618 барои як тонна ворид карда шудааст.

Маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистон умдатан аз Русия ворид карда мешавад. Саҳми маводди сӯхтии русӣ дар бозори Тоҷикистон ҳудуди 80% аст ва миқдори боқимонда аз Туркманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон ворид карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0