“Озодӣ”: Тоҷикистон литсейҳои туркиро моли худ мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевЛитсейи муштараки тоҷикиву туркии Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Литсейи муштараки тоҷикиву туркии Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нуриддини Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфтааст, аз моҳи сентябри соли ҷорӣ тамоми литсейҳои туркӣ дар кишвар ба “мактабҳои хонандагони болаёқат” табдил шуда, таълими забони туркӣ низ лағв мегардад.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ки аз моҳи сентябри соли ҷорӣ литсейҳои туркӣ ба "мактабҳои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" табдил шуда, зери назорати ин ниҳод хоҳанд буд, навиштааст "Радиои Озодӣ".

Вазорати маориф ва илми ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф фаъолияти литсейҳои туркиро тамдид накардааст

Ба қавли онҳо, тамоми харҷи ин мактабҳо чун дар гузашта аз ҳисоби пули таҳсили хонандагон ҷамъоварӣ мешавад.

Нуриддини Саид, вазири маориф ва илм 20 май дар сӯҳбат бо радио гуфтааст, дар ин замина бо созмони "Шалола", ки фаъолияти тамоми литсейҳои туркӣ дар кишварро идора мекунад, ба мувофиқа расида, дар ҳоли таҳияи санадҳои ҳуқуқиянд.

"Ният дорем, бо шаҳрвандони Туркия, ки аз табиатшиносӣ, физика, кимиё ва математика дар ин мактабҳо дарс мегуфтанд, қарордод ​баста, аз нерӯи онҳо истифода кунем. Ҳатто аз Бангладеш, Покистон ва Русия низ мутахассисонро даъват карданӣ ҳастем, ки ба забони русӣ ва англисӣ ба ҷавонони мо дарс гӯянд", — афзудааст Нуриддини Саид.

То кунун раҳбарони созмони "Шалола" дар ин бора бо расонаҳо сӯҳбат накарда, далели табдили литсейҳои туркӣ ба мактабҳои тоҷикиро шарҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи туркии "Daily Sabah" дар шумораи рӯзи 19 майи худ навишт, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия аз раҳбарони чанд кишвар, аз ҷумла сарони Озарбойҷон, Сенегал, Габон, Косово, Конго, Қазоқистон, Сомалия, Ҷопон ва Тоҷикистон хостааст, ки фаъолияти мактабҳои зери ҳимояти ҳаракати "Хизмет"-ро, ки раҳбарии онро рӯҳонии фирорӣ Фатҳуллоҳ Гюлен ба дӯш дорад, маҳдуд намоянд. Фатҳуллоҳ Гюлен, ки ҳоло дар Амрико ба сар мебарад, аз сӯи ҳукумати исломгарои Туркия бо раҳбарии Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ба фаъолиятҳои "ғайриқонунӣ" ва талоши сарнагун кардани ҳукумати мунтахаби он кишвар муттаҳам мешавад.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон қаблан ҳини сафарҳои хориҷии худ ба раҳбарони чанд кишвар ин паёмро расонида буд, ки ҳаракати Фатҳуллоҳ Гюлан қасди барканории ҳукумати мунтахабро дорад ва ҳукумати Туркия ба фаъолияти онҳо мувофиқ нест. Оқои Эрдуғон гуфта буд, ки ин ҳаракат зери ниқоби таълиму тарбия, фаъолиятҳои ғайриқонунӣ пеш мебарад.

Озарбоҷон — яке аз муттаҳидони Туркия пас аз сафари чанд вақт қабли Эрдуғон, фаъолияти ин мактабҳоро қатъ карда буд ва Габон ва Сенегал ҳам ба фаъолияти ин мактабҳо поён дода буданд. Дар моҳи январ соли ҷорӣ Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ки қарордоди фаъолияти ин мактабҳоро тамдид нахоҳад кард. Кишварҳои Косово, Конго, Қазоқистон, Ҷопон ва Сомалиа ҳам раванди бастани мактабҳои туркии вобаста ба ҳаракати Фатҳуллоҳ Гюленро оғоз карданд. Фаъолияти литсейҳои туркӣ бо бастани як шартнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1993 шурӯъ шуд.

Баъдан соли 2003 муҳлати шартномаи мазкур то 10 соли дигар, яъне то соли 2013, тамдид карда шудааст. Ширкати "Шалола" дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Кӯлоб ва Хуҷанди Тоҷикистон шаш литсей дошта ва ҳамчунин сарпарастии литсейи байналмилалии Душанберо бар ӯҳда дорад. Нахуст фаъолияти ин литсейҳо хайриявӣ буд ва баъдан нархи таҳсил дар ин литсейҳо то ба 1000 доллари амрикоӣ барои як соли хониш боло бурда шуд.

Ширкати "Шалола", ки раҳбарии литсейҳои тоҷикӣ-туркиро дар Тоҷикистон ба зимма дорад, аз муассисаи зери нуфузи ҳаракати дар Туркия пурнуфузи "Хизмет" дониста мешавад. Муассис ва роҳбари ҳаракати "Хизмет" рӯҳонии фирории турк Фатҳуллоҳ Гулен аст, аз солҳои 90-ум дар Амрико ба сар мебарад. Ӯ ибтидо аз ёрони раҳбари кунунии Туркия Раҷаб Эрдуғон ном бурда мешуд, вале дар солҳои охир бо ҳукумат мушкил пайдо кардааст.

Лентаи хабарҳо
0