Патрушев: тавсеъаи НАТО - ин таҳдид ба Русия ва шариконаш мебошад

© Sputnik / Оксана Джадан / Гузариш ба медиабонкТамриноти низомии НАТО. Акс аз бойгонӣ
Тамриноти низомии НАТО. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Афзоиши ҳузури нерӯҳои ИМА ва НАТО дар атрофи марзҳои Русия на танҳо ба амнияти ФР, балки ба амнияти шариконаш низ таҳдид мекунад, изҳор дошт дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Ҳузури нерӯҳои низомии ИМА ва НАТО дар канори марзҳои Русия ба ФР ва шариконаш таҳдидҳо дорад, изҳор дошт рӯзи чаҳоршанбе дабири Шӯрои амният Николай Патрушев баъд аз анҷоми ҷаласа бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви СПАД дар шаҳри Хуҷанд, хабар медиҳад РИА Новости.

"Дар талоши давлатҳо барои манофеъи худ истифода "амалҳои ғайримустақим" маъмулӣ шудааст — истифода аз эътирозоти аҳолӣ, гурӯҳҳои ифротгаро ва тундрав, ширкатҳои хусусии низомӣ. Ҳамлагроии ИМА ва НАТО дар қиболи Русия афзоиш меёбад. Нерӯи ҳамлаовари онҳо дар наздики марзи Русия афзоиш меёбад, ки на танҳо барои мо таҳдидҳ меофарад, балки ба шарикони мо низ хатароте эҷод мекунад", — иқтибос овардааст маркази матбӯъотии Шӯрои амният аз суханони Патрушев баъд аз анҷоми ҷаласаи комитети дабирони шӯрои амнияти кишварҳои узви СПАД, ки 20 май дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Патрушев ҳамчунин изҳор дошт, ки "баҳори арабӣ", ҳаводиси Сурия, Ироқ ва Украина бозгӯйи пайдо шудани таҳдидҳои ҷадиди низомӣ ва табдили онҳо ба саҳнаи иттилоъотӣ мебошад.

"Баҳори арабӣ, ҳаводиси Сурия ва Ироқ, вазъ дар Қафқози Ҷанубӣ, дар Украина ва атрофи он возеҳ нишон медиҳанд, ки таҳдидҳои ҷадиди низомӣ пайдо шуда бештар наҳваи иттилоъотӣ касб мекунанд", — гуфт Патрушев.

Расонаҳо: санҷиши ногаҳонии нерӯҳои СПАД анҷом шуд

Вазъ дар Афғонистон ва таъсири он дар манотиқи таҳти назорати СПАД мавзӯъи ҷудогонае дар ҷаласаи Хуҷанд буд. Ширкаткунандагони ҷаласа тасмим гирифтанд, ки фаъолиятҳои муштарак барои назорати вазъ дар шимоли Афғонистон, ошкорсозии нақшаҳо, наҳваҳои амалиёти созмонҳои террористиро идома бидиҳанд.

Комитети дабирони шӯроҳои амният бархе аз иқдомот барои ҷилавгирӣ аз таблиғ ва эъзоми шаҳрвандон барои ширкат дар даргириҳои низомӣ дар суфуфи созмонҳои байналмиллалии терористиро тасвиб кард.

Натоиҷи бозрасии ногаҳонии омодабошии нерӯҳои вокуниши сареъи СПАД, ки дар ҷараёни он 12-19 май нерӯҳо ба ҳолати омодабош оварда шудану бархе аз нерӯҳо ба ҷануби Тоҷикистон, ки дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон наҳваи ҳамгиройии низомии ҷузъу томҳо ва тирпарронӣ ба душмани эҳтимолӣ тамрин карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласа масоили таҳдидҳои амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ дар Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Ховари Миёна баррасӣ шуданд. Таваҷҷӯҳи вижа ба масоили тавсеъаи НАТО ва вуҷуди даргириҳои минтақавӣ гузошта шуд.

Лентаи хабарҳо
0