Расонаҳо: шаҳри қадимаи Палмира аз сӯйи ДИ забт шуд

© SANA via APПалмира
Палмира - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Сурия, қабла аз тасарруфи шаҳри бостонии Палмира аз сӯйи ҷангҷӯёни ДИ, аз он шаҳр бештаре аз анвои таърихиро берун оварданд. Баъд аз тарки нерӯҳои давлатӣ аз Палмира, ки дар он ҷо харобаҳои таърихӣ воқеъ ҳастанд, шаҳр зери таҳдиди нобудшавӣ қарор гирифт.

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. ДИ шаҳри Палмираи Сурияро, ки дар он харобаҳои беҳамтои антиқӣ воқеъ ҳастанд таҳти тасарруфи худ даровардааст ва дар ин набард аз 30 ва то беш аз 100 низомиёни суриягӣ кушта шудаанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Шаҳри антиқии Палмира, ки харобаҳои он ба Феҳрасти ёдгориҳои тамаддуни ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст, аз сӯйи ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" рӯзи чаҳоршанбе тасарруф карда шуд. Дар ин набард тибқи иттилоъи Маркази суриягии бозрасии риояти ҳуқуқи инсон ҳудуди 100 низомиёни давлатӣ кушта шудаанд. Манбаъи дигар дар бораи 30 нафар кушта шуда изҳори назар мекунад.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эрдуғон: ДИ талош дорад фарҳанги исломиро маҳв созад

"Тадмур (исми арабии Палмира) мо аз даст додем ва ин воқеъият аст. Дирӯз аз он ҷо 20 низомии кушташударо гирифтем, имрӯз бо 10 ҷасади дигар, — хабар дод ба РИА Новости манбаъи муътамад рӯзи панҷшанбе. — Ба бемористонҳо теъдоди зиёди афроди мулкии захмӣ шударо меоранд, аҷсоди кушташудагонро низ меоранд, вале дар бораи теъдоди дақиқи қурбониён сухан гуфтан душвор аст".

Аҳолии шаҳр аз сӯйи мақомот сареъан кӯч дода шуданд, ҳамчунин ёдгориҳои арзишноки таърихӣ мунтақил дода шудаанд. Харобаҳои таърихии Палмира зери хатари нобудшавӣ қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала