Муҳоҷирон барои ба ватан фиристодани бемор маблағ ҷамъ карданд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксТерминали мусофирбарии фурудгоҳи "Домодедово"-и шаҳри Маскав. Акс аз бойгонӣ
Терминали мусофирбарии фурудгоҳи Домодедово-и шаҳри Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намояндагии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба ҳамватаноне, ки барои ирсоли як муҳоҷири бемор ба Тоҷикистон кӯмаки молиявӣ кардаанд, изҳори сипос намуд.

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Муҳоҷири бемор Абдунабӣ Очиловро шоми дирӯз тариқи хатсайри "Самара-Хуҷанд" ба ватан фиристоданд, менависад сомонаи Намояндагии Вазорати меҳнати ҶТ дар Русия.

Қаблан, Очилови 40-сола барои ба Тоҷикистон бозпас фиристоданаш ба Исфара муроҷиат карда буд.

Ба қавлаш, то ин замон ӯ  дар ширкати сохтмонии "Росэкспорт"-и шаҳри Самара кор мекард. Аммо, ҳоло бо сабаби маризӣ дигар дар он ҷо фаъолият карда наметавонад ва маблағи бозгашт ба ватанаро низ надорад.

"Ҳамватанони мо, ки дар Русия ба сар мебаранд, анъанаи хубе доранд. Онҳо ба дармондагон кӯмак мекунанд. Дар ин ҳолат ҳам муҳоҷироне, ки дар бозори "Кировский"-и Самара кор мекунанд, ба даъвати мо ҳамроҳ шуда, маблағи чиптаро ҷамъ карданд",- иброз дошт Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат.

Аз ин рӯ, Намояндагии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба ҳамватаноне, ки барои ирсоли як муҳоҷири бемор ба Тоҷикистон кӯмаки молиявӣ кардаанд, изҳори сипос намуд.

Лентаи хабарҳо
0