Боздошти раиси идораи андози ноҳияи Фирдавсӣ бо иттиҳоми ришваситонӣ

© Sputnik Завлона (дастбанд). Акс аз бойгонӣ
Завлона (дастбанд). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ду масъули идораи андози як ноҳияи пойтахт бо ҷурми порагирӣ боздошт гардида, тафтиши парвандаи онҳо идома дорад.

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Сардори идораи андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва мутахассиси пешбари ин муассиса бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ дастгир шудаанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Оҷонсии мубориза алайҳи фасод.

"Сардори нозироти андози ноҳияи Фирдавсӣ як соҳибкорро маҷбур кардааст, ки барои ошхонаи бӯстонсарояш дар ноҳияи Варзоб ҷевони 1500 долларӣ гирифта, насб кунад",- омадааст дар хабари манбаъ.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълум гардид, ки сардори нозироти андоз ва мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ бо соҳибкорони инфиродии ноҳияи Фирдавсӣ, роҳи тамаъҷӯиро пеша намудаанд. "Онҳо барои қатъ намудани фаъолияти соҳибкории шаҳрванд «А», ки бевосита ба доираи ваколатҳои хизматиаш дохил мебошад, бо маслиҳати пешакӣ, ғайриқонунӣ санади қатъ шудаи соҳибкориро то 26 январи соли 2015 дар худ нигоҳ дошта, соҳибкор «А»-ро қасдан ба чунин ҳолате гузоштанд, ки маҷбур шуд то барои ҳалли кораш ба онҳо пора диҳад".

Феълан, аз рӯи ин ҳодиса нисбати сардори нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ бо соҳибкорони инфиродии ҳамин ноҳия парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала