Се шаҳрванди Ӯзбакистон барои қочоқи $ ба Тоҷикистон маҳкум шуданд

Онҳо дар интиқоли ғайриқонунии 1,8 миллион доллар гунаҳкор дониста шуда, яке аз онҳо ба 6 ва дуи дигар ба 7 солӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Бекободи вилояти Тошканд се сокини ин шаҳри наздимарзиро барои интиқоли ғайриқонунии доллар ба Тоҷикистон ба 6 ва 7 соли зиндон маҳкум кардааст, менависад хабаргузории "Озодагон".

Доллари амрикоӣ ва сомонии тоҷикӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коҳиши асъори хориҷӣ дар баробари сомонӣ

Тибқи иттилои мақомоти Ӯзбакистон, Б. Миннодиров, И. Абдибоев ба 7 соли зиндон ва Ш. Муминов ба 6 соли зиндон маҳкум шудаанд.

"Ин шаҳрвандон дар он гунаҳкор дониста шуданд, ки бе қайди гумрукӣ аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон миқдори зиёди асъори хориҷиро содир мекардаанд. Ҳар кадоме аз маҳкумшудагон барои ин хидмати худ аз намояндагони "тиҷорати пинҳонӣ" 250 доллари амрикоӣ мегирифтаанд", — омадааст дар хабаргузорӣ.

Расонаҳои Ӯзбакистон аз қавли Хадамоти амнияти миллияшон афзудаанд, ки ин се сокини Бекобод моҳи феврали соли 2014 дар ҳоле боздошт гардиданд, ки қасди интиқоли 200 ҳазор доллари амрикоӣ ба Тоҷикистонро доштаанд.

"Дар маҷмуъ маҳкумшудагон дар қочоқи 1 миллиону 800 ҳазор доллари амрикоӣ ба хориҷ даст доштаанд. 500 ҳазор долларе, ки зимни боздошт аз онҳо дарёфт шудааст, ба фоидаи давлат мусодира гардидааст", — омадааст дар хабарҳо.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала