Бонкирҳои Тоҷикистон сиёсати пулии Чинро меомӯзанд

© wikipedia.org/RudolfSimonБонки тиҷоратии саноати Чин (ICBC). Акс аз бойгонӣ
Бонки тиҷоратии саноати Чин  (ICBC). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар кори ҳамоише, ки Вазорати умури хориҷаи Чин ва Бонки кишоварзии он кишвар дар Пекин ташкил кардааст, 40 нафар роҳбарони шӯъба ва раёсати Бонки миллӣ, вазорати молия ва 10 банки Тоҷикистон ширкат менамоянд.

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Сиёсати пулии Чин ва низоми хазинадориву таҷрибаи ислоҳоти бонкии ин кишвар мавриди омӯзиши намояндагони сохторҳои молии Тоҷикистон қарор мегирад, менависад сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Чин.

Дар кори ҳамоише, ки Вазорати умури хориҷаи Чин ва Бонки кишоварзии он кишвар дар Пекин ташкил кардааст, 40 нафар роҳбарони шӯъба ва раёсати Бонки миллӣ, вазорати молия ва 10 банки Тоҷикистон ширкат менамоянд.

Қайд мешавад, ки роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст собиқ муовини нахуствазири кишвар, раиси феълии ҶСК "Агроинвестбонк" Муродалӣ Алимардон ба зимма дорад. Дар доираи ин барнома созишномаи ҳамкорӣ миёни Бонки кишоварзии Чин ва "Агроинвестбонк" низ ба имзо расидааст.

"Давоми як ҳафта иштирокдорони чорабинӣ сиёсати пулии Чин ва низоми хазинадориву таҷрибаи ислоҳоти бонкии ин кишварро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд",- омадааст дар хабари манбаъ.

Дар нишаст ширкати олимон ва мутахассисони олирутбаи соҳаи бонкдории Чин дар назар аст. Онҳо ба меҳмонон тарзу усули кор дар замони муосирро меомӯзанд.

Лентаи хабарҳо
0